Ишк чист ва ошик кист


SMS ва шеърҳо барои ошиқон :) – MAKTAB.TJ:

Дар аввал ошноӣ дидам аз ту,
Дар охир бевафоӣ дидам аз ту.
Худат гуфтӣ дигар ёре надорам,
Ҳамин шуд, ки ҷудоӣ дидам аз ту.
***

Имрӯз, рӯзи гарон аст!
Чӣ руз аст? Рӯзи ошиқон аст!
Биё Дилам, дил во кун!
Аз қалби дил, маро садо кун!
Дар васфи ту, ҳама гулҳо шукуфтаанд!
Аз дарди дурӣ, ҳама гулҳо пажмурдаанд!
Дар рӯзи ошиқон, бо ҳам бошем Дилам.
Хайем ҳастам, Ҳофизу, Бедили туям!
Булбули ишқам, дар паи он рӯи туям!
***

Ай боло меоӣ тоқии чоргул ба сарут,
Ғамҳои маро задаӣ дар пеши барут.
Ғамҳои маро бигир аз пеши барут,
Сад ёр гирӣ ғамҳои ман аст дар ҷигарут.
***

Дигар он шаҳри шодӣ бас, ки хомӯш аст,
Дигар он хандаи беғам фаромӯш аст.
Дигар маънӣ надорад ин шабу рӯзам,
Дигар хунобаи ғамҳо маро нӯш аст.

***

Сари роҳи туро гулзор кардам,
Туро ай бевафо ман ёр кадам.
Надонистам дили сангини туро,
Гули умеди худро хор кардам.

***

Машав ғамгин, ки ёрат бевафо шуд,
Бирафт у бо дигар кас ошно шуд.
Сарат бошад дар дунё тоқӣ бисёр,
Ту ҳам ёбӣ ба худ ёри вафодор.

***

Афсӯс,ки неку бад надонӣ,
Дарди ману қадри ман надонӣ.
Оҳ аз туву бевафоии ту,
Мурдам зи ғамии ҷудои ту.

***

Духтаре, ки ( ……….. )ном дорӣ,
Сафеда аз гули бодом дорӣ.
Ба ту ошиқ шудам раҳме накардӣ,
Маро куштию парвое надорӣ!

***
Ту дурӣ гарчи аз ман чун ситора.
Ба сӯят мекунам ҳар шаб назора,
Ҷигар аз ишқи ту шуд лахта-лахта.
Дилам дар ҳасратат пора-пора!

***
Намедонам дилам девонаи кист,
Гули гумкардаам дар лонаи кист.

***
Аз гармии нон дасту забон месӯзад, аз оташи ишқ устуғон месӯзад.
Эй ҷон маро маранҷон, ки агар ман хафа шавам, ними ҷаҳон месӯзад.

***
Қаду бастат маро кушт,
Ҳамон чашмони сиёҳат маро кушт.

***
Ҷон хуш аст, аммо нахоҳам ҷон гӯям туро,
Хоҳам аз ҷон ширинтар бошад, ки он гӯям туро.

***
Агар дар хоб медидам ғами рӯзи ҷудоиро,
Ҳавас асло намекардам дар олам ишқбозиро.

***
Хато кардӣ – хато кардӣ азизам,
Бубин охир чӣ кор кардӣ азизам.
Муҳаббат дар дилам чун ғунча гаштааст.
Ту онро зери по карди азизам!

***
То туро банда шудам,
Аз ҳама канда шудам.
Ту ки рафти зи барам вой-вой,
Ман сарафканда шудам.

***
Ба тӯри ғам задӣ паймонаи ман,
Ба сели ашк доди хонаи ман.
Кунин аз пешам чу бод рафтӣ,
Куҷо бурдӣ дили девонаи ман?

***
Дарё бо об, ситора бо моҳ, осмон бо дунё, ман бо ту!

***
Ба ту одат кардаме,
Ҳам ибодат кардаме.
Ба ҳама ҷабру ҷафоят,
Сабру тоқат кардаме.

***
Дар даҳани дарвозаи ҷазира истодаӣ рост,
Свисток мекашм бача ҳушут дар куҷост?
Очам мега и сағера ай куҷост?
Сағера нагу оча, ин домоди шумост! )))

***
Оҳе намондааст, андар гулӯи ман,
Дил гиря мекунад, ей орзуи ман.
Дунёи ман туӣ, ей бори хотирам,
Аз ман гузар макун, ман бе ту мемирам.

***
Омадам боз ба канори ту,
Ҷон лолаи саҳрои ту.
Манам шеъру таронаи ту,
Ман он моҳи ягонаи ту…

***
Мерасад рӯзе маро ёдам кунӣ,
Ҳар куҷо биншаста фарёдам кунӣ.
Бо ду се байте, ки гуфтам баҳри ту,
Ҳар замоне хонию шодам куни.

***
Эй Бону, рӯятро надидаам боре,
Аммо ба ту меҳре дорам, оре.
Ҳаёти ману ту дигар аст – тақдир ҳамин,
Шояд мисли ту барин ёбам ёре.

***
Духтараки бо шарму идрокро интизорам, ки қалби худ бар он нозанин биспорам.

***
Нигори нозанин ман аҳли дардам,
Сарамро гар буранд аз ту нагардам.

***
Дар ин дунё ба ҷуз ишқу ҷавонӣ,
Дигар чизе намемонад нишонӣ.
Агар дӯстам бидорӣ то ҳамеша,
Бо ту хоҳам ду бора зиндагонӣ!

***
Эй дуст биё зи нав ҳамовоз шавем,
Намсоз ба ҳам ду тори як соз шавем.
Афсонаи дустӣ надорад анҷом,
То мову ту чун тарона оғоз шавем.

***
Дили ман адоят, мирам аз бароят, ман фидои каду нозу хандаҳоят.

***
Туро ман дӯст медорам, вале инро немегӯям.
Чунон аз ишқ месӯзам, вале инро намегӯям.
Ба сони чеҳраи моҳат, ба сони рухи зебоят,
Муносиб шеърҳо ёфтам, вале инро намегӯям.

***
Ошиқам ошиқ ба рӯят гар намедонӣ, бидон,
Сӯхтам дар орзуят гар намедонӣ, бидон.

***
Эй духтари шаҳри ман адои ту шудам,
Чун аъзои пайрав аз кафои ту шудам.
Ту ҳоли замон бошӣ ман ҳоли макон,
Дар охири ҷумла мубтадои ту шудам.

***
Ту замин шавӣ хокат шавам,
Ту осмон шавӣ ситораат шавам.
Ту офтоб шавӣ нурат шавам.
Ту моҳ шавӣ доғат шавам ҷон.

***
Ба дидан рӯи хандон дора(д) ошиқ,
Ба пинҳон чашми гирён дора(д) ошиқ.
Ба мисли ашки модар софу сӯзон
Ба сина ишқи пинҳон дора(д) ошиқ.

***
Туӣ дар зиндагӣ орзуи ман
Дилам моили дигаре набошад.
Туӣ танҳо бахудо бовари ман,
Ба касе боварам набошад.
Ҷони ман зиндагӣ моли ману ту,
зиндаам ба хотири будани ту.
Агар ошиқи дар дунё намебуд,
Азизам чӣ мешуд ҳоли ману ту

 

Давом дорад … Шумо инчунин метавонед, илова намоед!

www.maktab.tj

Ишк Чист ?

Ишк чист? – Дарди ишк ин хисёти рухи инсон ва ё дигар чонваре ки аз мухаббати ба ком нарасида, ранч мебинад номида мешавад. Ишк худ ин эхтиёчоти зиёде ба касе ё ба чизе мебошад. Агар чизе ба касе хело зиёд лозим бошаду вай барояш хело кадрноку фоидавор бошад пас хамон кас ошики хамон чиз мешавад. Масалан ба касе духтари хушруй, писари хушкомат, пули бисёр, хонаи фасон, мошини навбаромад, либоси зебо, телефони гизала, доруи кайфдиханда, араки тоза ва гайра нихоят лозим аст ва барои хамин ҳам вай ошики ин ё он предмет шуда то ба сохиб шудани онхо ба дарди ишки онхо дармеафтад.

Ишк чист ? Асосан инсон ба дарди ишк гирифтор шуда бар асоси дарёфти чинси мукобили мувофики худ ба дарди ишк гирифтон мешавад. Масалан духтарон ба дарди ишк дар сини алакай 12-14 солаги ва писарон бошанд дар 14-15 солаги ба дарди ишк гирифтон шуда ба хондани адабиёти ошикона аз чумла шеърхои ошики ва дарёфти рохи дилёби мешаванд.

Дарди ишкро дар хаёт инсони солим метавонад кариб то охири умраш хис карда солхои чавониаш 15-25 солаги нисбатан бештар азоб кашад. Бо назардошти дарди ишк дар хаёти инсон хело макоми калонро бозидан шеъру филмхои зиёде истехсол шудаанд. Масалан Шахроми Абубакр бо Фариддуни Хуршед дар хамчояги шеъри «Дарди ишкро» хондаанд.

Дигар мисол ин аст, ки аз чониби киногардонхои амрикои даххо филмхо бо номи «Дарди ишк»-ро ба навор гирифтаанд. Шоирон бошанд вобаста ба дарди ишк шеърҳои зиёдеро ба забонхои гуногуни инсони навиштаанд.

Шеъри дарди ишк (Шахром ва Фариддун)

Матни суруди Ишк чист:

Тавба кардам, ки дигар ошики шайдо нашавам,
Чун губоре ба рухи мохи ту пайдо нашавам,
Айби ишкат ки расад аз багалат хамчун мушк,
Буи он гар набувад ошики расво нашавам,

Азизон дарди ишк дармон надорад,
Фигону нолаам поён надорад.
Азизон дарди ишк дармон надорад,
Фигону нолаам поён надорад.

Гар чи сухтам зи гам ишки он хамчун
Ахд кардам ки дигар ошики Лайло нашавам.
Ахд кардам ки дигар ошики Лайло нашавам.
Буд замон ки маро дашту биёбон манзил,
Ай Худо кош дигар Мачунуни сахро нашавам.

Азизон дарди ишк дармон надорад,
Фигону нолаам, поён надорад.
Азизон дарди ишк дармон надорад,
Фигону нолаам поён надорад.

Ишк чист, ишк чист?

Бекасу бехуду бечо будан буди сабааш,
Бе ту ҳам мондам агар вале ман танхо нашавам.
Бе ту ҳам мондам агар вале ман танҳо нашавам.
Аз Худо дорам умед, дорам умед, дорам умед,
Кош бори дигар ман бо ту якҷо нашавам.
Кош бори дигар ман бо ту якҷо нашавам.

Тавба кардам, ки дигар ошиқи шайдо нашавам,
Чун ғуборе ба рухи моҳи ту пайдо нашавам,
Айби ишқат ки расад аз бағалат ҳамчун мушк,
Буи он гар набувад ошиқи расво нашавам,
Айби ишқат ки расад аз бағалат ҳамчун мушк,
Буи он гар набувад ошиқи расво нашавам,

Азизон дарди ишқ дармон надорад,
Фиғону нолаам, поён надорад.
Азизон дарди ишқ дармон надорад,
Фиғону нолаам поён надорад.

Азизоооооон,
Азизон дарди иииииииииииииииишқ.!

Тавсия менамоем, ки хамчунин шеърхои ошиконаро дар сомонаи http://sherho.ortgk.ru/category/zindagoni/oshiqona/  хонед!

Комментарии

life.ansor.info

Шеърхои ошики барои духтари дустдошта ва ё писар – Комрон.инфо

Шеърхои ошики дар васфи духтари дустдошат ва ё писари нагз медида аз широни точик дар шакли назм барои истифодаи чавонон гирд оварда шудааст. Метавонед онхоро дар шакли СМС ва почтаи электрони ба дустони худ равон намоед.

Ошики шеърхо байни чавонон ва хусусан шахсони ошик хеле маъруф аст ва аз хондани он кас халоват мебарад. Чунин шеърхо дар мавриди дарди дил, изхори таманиёт, фикру андеша, калби дар ташвишбуда баён менамояд.

ОТАШИ ИШК

Ба гумонам, ки чадди ман Зардушт,
На ба хар оташе садокат дошт,
Оташи ишкро парастиш кард
К-у ба дил нури зиндаги мекошт!

Шояд аз ин сабаб ман аз хурди
Оташи ишкро парасторам,
Дил фурузон бувад аз ин оташ,
Ман таб аз тобу сузи он дорам.

Дар дили хар касе фурузон шуд
Оташи ишку шуълахои умед,
То абад мекунад ба вай таъзим,
Сар фароварда аз фалак Хуршед!

ДИЛИ БЕКАРОР

Боз чун хар субхдам биншастаам
Руи санге, бар лаби Бахри Сиёх.
То шавад ором дил, дил бастаам
Ман ба ин бахри азиму мавчхо…

Худсарона мевазад боди бахор,
Нарму форам…
Чониби ман хар замон
Мавчхои хешро беихтиёр
Мефиристад бахри шуху бекарон.

Аз вазидан монд боди дилкушо,
Мавчхо гаштанд гоиб аз назар.
Бахр хам ором шуд…
Охир, чаро,
Эй дили ман, бекарори ин кадар?

Не!
Дар ин чо дил намеёбад карор.
Хайр
Эй базфи азим, эй мавчхо.
Боз дар бахри бузурги рузгор
Орзу дорад дилам созад шино.

Ишку амал

Фасли хуби бахор,
Сохили Вахш,
Сабзаю лола буду боди сахар…
Менишастем хар ду дар гулзор
Бе маю бе пиёлаю согар.
Масти дидори якдигар гашта
То дами субхи нав намехуфтем,
Рози дилро ба зери пардаи шаб
Фош кардему як ба як гуфтем.

То сахар хамсадои мо буд Вахш,
Роз бо мавч гуфта мечушид.
Аз паси куххои сабзбадан
Сар баровард бехабар хуршед…

Бо дили пур зи орзую умед
Чониби Вахш—неъмати кухсор,—
Бо суруди сахар равон гаштем,
Мисли хар субхдам, ба манзили кор
Ёри мо буд бахти мо…

Оре!
Зиндаги бебахотарин гухарест!
Лек бе орзую ишку амал
Зиндаги дашти хушки бесамарест!

АЗ МАН АСТ

Рузгорест, ки савдои бутон дини ман аст,
Гами ин кор нишоти дили гамгини ман аст.
Дидани руйи туро дидаи чонбин бояд
В-ин кучо мартабаи чашми чахонбини ман аст.
Ери ман бош, к и зеби фалаку зинати дахр
Аз махи руйи туву ашки чу парвини ман аст.
То маро ишки ту таълими сухан гуфтан кард,
Халкро вирди забон мидхаду тахсини ман аст.
Давлати факр, Худоё, ба ман арзони дор,
К-ин каромат сабаби хашмату тамкини ман аст.
Воъизи шахнашинос ин азамат, гу, мафуруш,
3-он, ки манзилгахи султон дили мискини ман аст.
Ё Раб, ин Каъбаи максуд тамошогахи кист?
Ки мугелони тарикаш гулу насрини ман аст?
Хофиз, аз кашмати Парвиз дигар кисса махон,
Ки лабаш чуръакаши Хусрави Ширини ман аст.

ЁР НАМЕПУРСАД ХЕЧ

Аз мани дилшуда он ёр намепурсад хеч,
Хабаре з-ин дили афгор намепурсад хеч.
Ди ба сарманзили ман омаду ахвол бидид,
Гуфт: — Чун аст туро ёр намепурсад хеч?
Гуфтамаш:- Бахти ману толеъи шуридаи ман,
Хаста мебинадам он ёр, намепурсад хеч?
У табиби ману ман хаставу бемори гамаш,
Чун табиб аст, ки бемор намепурсад хеч?
Чонам аз фуркати руяш ба лаб омад сад бор,
Ки аз ин дилшуда он ёр намепурсад хеч.
Душ дар хоб рухи чун махи у медидам,
Ба ман у гуфт: — Туро ёр намепурсад хеч?
Эй табиби азали, як назаре кун моро,
Хофизи сухтаро ёр намепурсад хеч.

ОШИКАМЕ

Хар кучое биравам,
Руи у дар назарам.
Гар равам аз дари у,
Дар чахон дарбадарам.
Дил чудо, акл чудо, дида чудо ошикаме,
Бахудо, ошикаме, бахудо, ошикаме!
Хар чи коре бикунам,
Пеши руяш хичилам.
Хусни у содаю ман
Ошики содадилам.
Дил чудо, акл чудо, дида чудо ошикаме,
Бахудо, ошикаме, бахудо, ошикаме!
Номи у номаи бахт,
Номи у номаи ишк.
Эй хушо дар дили ман
Шуру хангомаи ишк!
Дил чудо, акл чудо, дида чудо ошикаме,
Бахудо, ошикаме, бахудо, ошикаме!


Ошик

Ошик хама кас, валек Мачнун яктост,
Олам хама сангзору зар кампайдост.
Чун оби тамоми бахру кулзум шур аст,
Як чашмаи кухсори мо бех з-онхост.
Шеъре, ки зи магзи дилу чон мегуям,
Оё паи умри човидон мегуям?
Дехкон на паи умри абад кишт кунад,
Ман хам сухане чу дехкон мегуям.
Афзун бувад аз савоби ман таксирам,
Хам беш бувад хатоям аз тадбирам.
Харчанд ки майли ман хама бар некист,
Дар байни гуноххо назарногирам.
Озод набудаам зи озодии хеш,
Обод набудаам зи ободии хеш.
Бадбахтам аз он ки будаам якроха,
Хушбахтам аз он ки будаам ходии хеш.


САЛОМИ ОШИК

Эй дилбари хушхироми ошик,
Номи ту бувад паёми ошик.
Сармаст шудам манн аз нигохат,
Гуё зи шароби чоми ошик.
Биномой чамоли хещ бар ман,
Боло чу бувад макоми ошик.
Лабхои маро зи буса та кун,
Шодоб бисоз коми ошик.
Дилро зи майи висол пур кун,
Монанд ба як-ду чоми ощик.
Афсонаи мо чахон шунида,
Савгани хурам ба номи ошик.
Дилдодаи ту Хаким Гуё,
Чоно, бишунав саломи ошик.


МАРДИ ОШИК БА ЗАН

Умри ман чун бувад ба паймонаш,
Чорае ки дигар зи фармонаш?
Марди ошик кист, медони?
Он ки у наметарсад аз чонаш.
Хеч теге наметавонад кард,
Дасти манро чудо зи домонаш.
Бар машомам хаамеша меояд.
Накхати рухбахши зулфонаш.
Гар ба рафтори худ мусулмони,
Бигзар ааз чашми номусулномаш!
Дарду дармони манро ту медони?
Хаст агар дард, хаст дармонаш.
Холи Гуёро ту медони?
Буса хохад зи лаъли хандонаш.


Бахоре буд,
Бахоре буду ишке буду ёре буд,
Гурури саркашеву ифтихоре буд.

Дарахтон гарки гул буданду баргу бор,
Хумори буд чашми гунчаи бедор,
Ба чашми ман, ба чашми пурхаёли ёр,
Чавони буду ишку лаззати дидор.

Зи чашми у нигохи гунча метобид,
Ба хар як тори муяш шеър мераксид,
Ба каддаш шуълаи хуршед меларзид,
Зи лабхандаш гули уммед механдид.

Саропо хайкали ишку таманное,
Чунуну шавку тамкину шикебои.
Дар ин дунёи танг оварда дунёе
Ба зебоиву барноиву шевои.

Диле аз тору пуди шеъри хассон дошт,
Сириште пок чун субхи бахорон дошт,
Сиришке пок чун борони найсон дошт,
Чахони тозаруи баъди борон дошт.

Ман аз у рафтаму чонам дар озар рафт,
Дили гапнодароям бесару бар рафт.
Чунуни саркашам кохиду аз сар рафт,
Агарчи бар дили ман неши ханчар рафт.

Ман уро рузафзун дуст медорам,
Ман уро бо дили хун дуст медорам.
Бурун аз хукми гардун дуст медорам,
Бурун аз хадди конун дуст медорам…

Бахоре буд,
Бахоре буду ишке буду ёре буд,
Хама чонсузиям аз дустдори буд…


РАШК

Рашк бинмуда ман аз холи лабаш пурсидам:
Ки бигуй, эй хинду
Посбони шакари?
ё ки торочгари лаъли лабаш?
Е харду?
Холи лаб фахркунон,—
Гуфт:
— Хокистари як ошики овора ба руи оташ.

ДИЛИ МАН

Дили ман шиква аз даврон надорад,
Гила аз чархи саргардон надорад.
Рахи ман ним шуд, аммо хушам ман
Ки поёни рахам поён надорад.
Мухаббат! Ё маро, гарки гунах дор
Ва ё аз макри номардон панах дор!
Агар хохи чу инсон зинда бошам,
Маро чун шоири ошик нигах дор!
Мабодо соати дил кандани ёр,
Мабодо дил ба санг афкандани ёр.
Мухаммад кард агар меърочи гардун,

komron.info

Шеърхои ошики барои чавонон

РАНЧУР

Туро ранчур мебинам,
Фигон аз ранчи дунёи!
Дилат аз ишк менола.
Шаби торики танхои.

Зи бахти худ пушаймони,
Пушаймони надорад суд.
Нихон дар хеш месузи,
Алови дил надорад дуд.

Зи такдир гурезони,
Рахои нест аз кисмат.
Надорад зиндагони парво,
На аз чисмат, на аз кисмат.

Шикасти бахт душвор аст,
Азоби ишкиосон нест.
Вале аз сахтии баташ,
Бидон ошик харосон нест.

Туро ранчур мебинам,
Чаро аз гам парешони?
Гирехи бахти худ бикшо,
Ба мисли чини пешони.

_____________*** ______________

ОШИКАМ МАН

Ошикам ман,
Ошикам ман,
Ошики афсуни чашмони сиёхат,
Ошики лоли нигохи бусахоят.

Ошикам ман,
Ошикам ман,
Ошики масти навозишхои нармат,
Ошики зори хамогушии гармат.

Ошикам ман,
Ошикам ман,
Ошикат, эй хамдилу хам кисмати ман,
Аз ту бодо ишки поку кисмати ман!

Ошикам ман,
Ошикам ман,
Кош, умре сар нихам бар шонаи ту,
Аз мухаббат бишнавам афсонаи ту.

Ошикам ман,
Ошикам ман,
Нозанинат мешавам бо ноз ширин,
Дар дил аз ишки ту дорам рози дерин.

Ошикам ман,
Ошикам ман,
Ошики ту, ошики ту, ошики ту,
То киёмат содики ту, мушфики ту.

_____________*** ______________

ДАРЁФТ

Ишки худро окибат дарёфтам
Чун умед аз ноумеди чахон.
Ишк дар боги дилам пажмурда буд,
Руст аз доги дилам у ногахон.

Ишки худро окибат дарёфтам
Аз рахи такдир чун ангуштарин.
У магар афтода аз ангушти мох
Дар рахи бахти ман аз чархи барин?
Ишки худро окибат дарёфтам
Бебахо чу гавхар аз дарёи дил.
Ох, у ашки арусии ман аст
Рехта дар домани дунёи дил.

Ишки худро окибат даёфтам
Бар сарам чун осмони беканор.
Дидамаш чун ахтари рахшони худ
Рахнамоям суи руз аз шоми тор.

Ишки худро окибат дарёфтам
Аз рахи пурпечу тоби зиндаги.
Дар дилу дар дидагони ман дамид
Рушании офтоби зиндаги.

_____________*** ______________

БЕВАФО

Диле дорам, ки дилдоре надорад,
Гаме дорам, ки гамхоре надорад,
Мухаббат чони ман дар оташ афканд,
Ба оби дидаам коре надорад.

Дигар аз ишк ошуфтан нахохам,
Гами дилро ба кас гуфтан нахохад.
Дигар монанди гул дар навбахорон
Барои ёр бишкуфтан нахохад.

Барояш рози дерин кардам иншо,
Барояш рози ширин кардам ифшо.
Вале у бевафои кард охир,
Дареги ишки поки ман, дарего!

_____________*** ______________

РОЗИ ДИЛ

Туром ман дуст медорам,
Туро хохам, туро чуям,
Ки то шоми махтоби
Бароят рози дил гуям

Туро дар хоб мебинам
Шаби торики танхои,
Ки суям як нафас аз дур
Пур аз ишку хавас ои.

Ту дар хобу хаёли ман
Саропо гаркаи нури,
Валекин аз висоли ман
Чаро дури, чаро дури?

Кучои? Бе ту парвардам
Ба дил ишки фирбоят.
Биё охир ба чашми дил
Бубин Зебои зебоят

_____________*** ______________

ИШКИ АВВАЛ

Кучоиву кучои, ишки аввал?
Намеои, намеои чаро ту?
Дигар як лахза, дарего,
Ба ёди худ намеори маро ту.

Кучоиву кучои, ишки аввал?
Ки аз ту киссахо дорам панохи.
Дигар ман дар дили армонии худ
Ба ёдат гуссахо дорам панохи

Кучоиву кучои, ишки аввал?
Кучои ишки поки навчавони,
Ки аз чашмони шахлои ман акнун
Сиришки хасратамро меравони.

Кучоиву кучои, ишки аввал?
Маро пазмони худ карди, дарего!
Дигар чун навбахори навчавони
Ба суям барнамегарди, дарег!

_____________*** ______________

БИЁ ЁРАМ

Биё, ёрам,
Биёву гул бибуй аз навбахорон.
Биё, ёрам,
Биё, мастат кунад атри бахорам.

Биё, ёрам,
Биёву бин гули ишку умедам,
Биёву чин гули сурху сафедам.
Биё, ёрам,
Ки чун боди гулафшон бигзарад зуд
Бахори гулнисорам.
Биё, ёрам,
Ки дар дил аз чудои гусса дора,
Бароят дар лабонам бусса дорам.

Биё, ёрам,
Ки месузад ба ёди тобнокат.
Бидузам сузан бо ризтаи нур
Ба номи ишки покат.

Биё, Ёрам,
Ки чун шабнам ба руи баргаки гул
Дурахшон ашк дар рухсори ман.
Биё, ёрам,
Шунав овози калби пораи ман.
Биё, ёрам,
Кучои ошики овораи ман?!

_____________*** ______________

ИШКИ МАН

Ишки ман ин турна не , к-ояд факат рузи бахор,
Нест ё чун кучаи сарбас дар шахри кадим.
Вай наметарсад зи фасли гаму сарди рузгор,
Вай бувад пуррафтуо, пуркор чун рохи азим

Дар замине сабз шуд ин ишк , к-андар руи он
Медавидам дар чавони сарбарахна пойлуч.
Рузхоро мефикандам пушти сар осон чунон,
Хар яки он буд гуё халтаи бодоми пуч,

Ишк омад. Гуфт шабхои ту аз сузу гудоз
Аз хисоби руз мегардад дарозу тиратар.
Русхоро ман вале кардам ба худ аз шаб дароз
Ёфтам аз чехраи шоми сияхруи сахар.

_____________*** ______________

ИШК ВА МУХАББАТ ЧИСТ

Хуршеди сипехри лоязоли, ишк аст,
Мурги чамани хучастафоли ишк аст.
Ишк он набувад, ки хамчу булбул ноли,
Хар гах, ки бимириву наноли — ишк аст.

_____________*** ______________

ШАББОДА

Дар гушаи мохтобшаб
Овои дил дорам ба лаб.
Аз ёди дурам мевазад
Шаббодаи пуртобу таб.

Хайронтнигохи зори ман
Дар осмони беканор.
Аз он шаби ишки нахуст
Махтоб монда ёдгор.

Афсус, ишки содаам
Осемасар бигзаштааст.
Ёди гариби ман дигар
Шаббодаи саргаштааст.

_____________*** ______________

БАХРОН ГУЗАРОН

Навбахори навчавони бигзарад,
Гулафшони зиндагони бигзарад.
Аз баду неки чахон огох бош,
Неку бад хам ногахони бигзарад.

Мехрварзии чавони хуш бувад,
Чун хаёлт осмони хуш бувад.
Ишкро дар хастии худ зинда дор,
Талху ширин комрони бигзарад.

Дар чавони гул бичину гул бибуй,
Ба хама дилчуии худ дил бичуй!
Нобу дар банди гесу зан, ки зуд,
Нохову дилситони бигзарад.

Дар умеди худ бисазон боги дил,
То намонад аз чавони доги дил.
Орзуи ишки аввал чун насим
Аз рахи дил ормони бигзарад.

_____________*** ______________

ТУРКИ ДИЛРАБО

Дил ошики чашми масту турконаи туст,
Ту шамъиву олам хама парвонаи туст.
Чону дили мо ошику девонаи туст,
Ту хонаи дил шудиву дил хонаи туст.

_____________*** ______________

ХАМИН ИШК АСТ

Хамин ишк аст, ки месузад сару пои вучуди ман
Сару пои вучуди ман, тамоми тору пуди ман,
На дилам дар канор ояд, На сабру ихтиёр ояд,
Намеои азизи ман, ки бо ту навбахор ояд.

Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст,
Чи созам бо дили тангам, сукути шеру охангам.
Ту рафти бо хама олам, Мани шурида мечангам,
Мани шурида мечангам,

Хама шабхо бо танхои,
Хама рузам ба рахпои,
Нафсхо бо ухда мепечам,

Ки шояд бе садо ойи, Ки шояд бе садо ойи
Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст,
Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст,

Надори боварам афсус, нагарди ёварам афсус,
Сурогам мекуни рузе, Ки дигар, дигарам афсус,
Ки дигар, дигарам афсус,

Бубухш, девонаи ишкам, ба косанои ишкам
Ба даври шаби хичронам,
Масуз парвонаи ишкам.
Масуз парвонаи ишкам.

Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст,
Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст.

 

Комментарии

life.ansor.info


Смотрите также

Site Footer