Садриддин айни кист


Садриддин Айнӣ — Википедия

Садриддин Айнӣ (Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ, форсӣ: صدرالدین عینی‎) — бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951—1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон (1997)[2].

Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ 27 (15) апрел 1878 (1878-04-15) дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ўзбекистон) ба дунё омадааст. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддин Айниро дар шашсолагӣ (6) ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони «Мактаби кӯҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин Айнӣ дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.

Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалдош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.

Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд.

Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт.

Аз соли 1896 Садриддин Айнӣ бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст.

Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эҷодиёти идеяҳои пешқадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Таҳзиб-ус-сибён»-ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар рӯҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони дар Бухоро мактабҳои усули нав офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва ӯро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин Айнӣ ба Самарқанд кӯчида меояд. Ӯ чи дар Самарқанд ва чи дар Тошкент дар корҳои комитети револютсионӣ иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангӣ менависад, тарғиботу ташвиқот мебарад.

Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шуравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда — Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» — и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Мухиддинхоҷаро низ қатл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихӣ ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амирӣ таърихан қонунист.

Ҳамин тавр, бо ғалабаи Инқилоби Октябр нависанда аз нав ҷавон шуд. Аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст. Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулхона, сипас дар идораи тоҷорати он хидмат кардааст. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой овардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст. Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори илмҳои филологӣ бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон тақдир карда шуд. Айнӣ академики АИ ҶШС Тоҷикистон таъин гашт, ӯ нахустпрезиденти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951—1954) мебошад.

Устод Садриддин Айнӣ 15 июли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Ин мавзеъро ҳоло Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ мегӯянд.

Фаъолияти омӯзгории Айнӣ[вироиш]

Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айнӣ ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст:

  1. Таълим дар мактабҳои усули нав.
  2. Таълифи китобҳои дарсӣ.

Соли 1906 дар Бухоро Абдураҳмон Саидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саидиро бо забони тоҷикӣ барои талабагони тоҷикзабон тарҷума мекард. Вақте ки 8 ноябри соли 1908 дар ҳавлии Мирзо Абдувоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикӣ кушода мешавад, фаъолияти омӯзгории Айнӣ боз ҳам васеъ гардид. Дар мактаби М. А. Мунзим ва С. Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасоӣ соли 1909 бо ташаббуси ҳар ду «Ширкати Бухорои Шариф» таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби «Тартиб- ул-Қуръон»- ро ҳозир намуданд. Бо ташаббуси С. Айнӣ инчунин китоби дигари дарсӣ «Таҳзиб-ус-сибён» («Тарбияи ҷавонон») тайёр ва нашр шуд.

Лозим ба ёдоварист мактабҳои усули нав аз макотиби маъмули амирӣ куллан фарқ мекарданд. Хонандагон дар мактабҳои амирӣ, ки Садриддин Айнӣ усули дарсгузарии онҳоро дар асари «Мактаби кӯҳна» тасвир кардааст, чанд соли умри худро зоеъ карда боз бесавод мемонданд. Толибони хурдсоли мактаби кӯҳна танҳо кӯр-кӯрона хондану аз ёд кардани Қуръон ва дигар китобҳои диниро меомӯхтанд.

Дар макотиби усули нав бошад, толибон дар давоми чанд моҳи таҳсил хондану навиштанро аз бар мекарданд. Дар мактабҳои мазкур ғайр аз улуми динӣ боз ба бачаҳо илмҳои табиӣ ва фанҳои дақиқро низ меомӯзонданд. Ҳамаи ин боис шуд, ки муллоҳои мутаассиб зидди макотиби нав ва муаллимони онҳо балво бардоранд. Уламои дин, ки ба дарки аслии таълимоти ислом намерафтанд, муаллимони мактаби навро «кофир» ва мактабро «шайтонхона» эълон карда, аз мардум даъват менамуданд, ки фарзандони худро ба мактабҳои кофирӣ надиҳанд. Дар ҳама ҷо муассисон ва муаллимони мактабҳои навро таҳқир мекарданд таҳдид менамуданд, балои охири замон мехонданд.

Махсусан Абдувоҳиди Мунзим ва Садриддин Айнӣ зери фишорҳои зиёд қарор доштанд. Аммо эшон пешаи муқаддаси омӯзгориро тарк накарданд, ҳатто лаҳзаҳое будааст, ки барои амон ёфтан аз чанги душманон либосҳои занонаро ба бар карда суйи мактаб рафтаанд. Вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд.[3].

Эҷодиёти устод[вироиш]

Эҷодиёти Айнӣ аз солҳои 90-уми асри XIX шуруъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Осори адабии ӯ дар қолаби назму наср офарида шудаанд. Нахустин ашъорашро ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса таҳти тахаллусоти «Муҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ба қалам овардааст.

Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Таърихи эҷоди шеъри мазкур хам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлисӣ, нодорамӣ ва қашшоқии хеш дарду аламашро изҳор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,

Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам
Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам

Айнӣ

Шеърҳои даврони мадрасаи ӯ дар пайравии шоирони гузаштаву муосираш эҷод шуда, бештар ба кайфияту ҳолати зиндагонии давраи таҳсилаш алоқаманд будаанд. Чанде аз ин қабил шеърҳояш ба тазкираву ҷунгу баёзҳои ҳамон замон дохил шудаанд. Баъдтар, дар ҷараёни фаъолияти маърифатпарварӣ, шеърҳои тарбиявӣ гуфтааст.

Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909—1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмаку Парвона» (1917) моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд. Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёту эҷодиёти худро бо тақдири халқи мубориз ва бунёдкори шӯравӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд овардааст. Шеърҳои дар тӯли солҳои 1918—1921 навиштаи ӯ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилал», «Якуми Май» ва ғ. дар маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» ва ҷаридаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмӯаи ашъораш «Ахгари Инқилоб» (Бухоро, 1923) ворид гардидаанд. Ҳамчунин, он солҳо дар боби воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мақолаҳои зиёди публитсистӣ навишта, моҳияти ҳаводиси ҳаррӯзаи даврони инқилобро ба тӯдаҳо фаҳмондааст.

Вале устод Айнӣ эҳсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша густариши ҳодисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маънӣ устод чунин ибрози назар кардааст:

Айнӣ, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард

Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.

Айнӣ

Нахустин шеъри инкилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айнӣ эълон гардидааст, ин «Марсия» — и ӯст. Ин асар ба муносибати фоҷиаи кушта шудани бародараш Сироҷиддин бахшида шуда буд:

Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,

Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!

Айнӣ

Хоҳам, он хонаи бедоду ситам вайрон бод!

Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод!
Хоҳам, он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

Айнӣ

Шеърҳои ба мактабу илмҷӯӣ бахшидаи Айнӣ бо забони содаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои «Замзамаи дабистон», «Суруди мактаб», «Саҳаргоҳон» ва ғайра боварибахш ва самимона эҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,

Ба бекорию нодонӣ намонем,
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Айнӣ

[4]

Китоби тақдирсози миллат[вироиш]

Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти тоҷикро инкор мекарданд.

Садриддини Айнӣ дар шароите, ки забон ва миллаташро инкор карданд ва русҳо бо ҳамкории пантуркистҳо тоҷикон ягона зимомдорони Осиёи Марказиро аз давлатдорӣ маҳрум карданд, бо шаҳомат ва огоҳона истод ва амал кард. Ӯ китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишт ва дар он сесад шоирро, ки бо тахаллуси Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ ва… Аз ҳазор сол қабл дар Мовароуннаҳр зист доштанд, сабт кард. Ва бо ин бурҳони инкорнопазир мункирони поринагии забон ва миллати тоҷикро бар ҷояшон нишонд. «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро дар соли 1926 баъд аз чоп душманон оташ заданд, аммо Айнӣ ба унвони марди худогоҳ ва равшанфикри фидоии миллат, ором нанишаст ва бори дигар дар муқобили Бухарин, ки амри оташ задани китобашро дода буд, аз он дифоъ кард ва иҷозаи нашр гирифт. Дар чунон шароити боэҳтиёт чунин фидокорӣ фақат аз мардонест, ки дар авҷи равшанфикрӣ ва огоҳӣ қарор доранд.

Айнӣ ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннаҳру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ, Қисоии Марвазӣ, Абуҳафси Суғдӣ ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тариқ, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслиҳатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд[5]

Мутаассифона, унвони муҳимтарин китоби Устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷикӣ» ҳамеша дар баргардони кириллии он барғалат омадааст ва бо чӣ иллате ин ғалатро адабиётшиносон ва забоншиносон нодида гирифтаанд — менависад Доктор Шамсулҳақ Ориёфар. Ахиран ин китоб боз ҳам бо унвони ғалати «Намунаи адабиёти тоҷик» мунташир ва дар ҷамъи фарҳехтагон муаррифӣ шуд[6] .

Асарҳои бадеӣ[вироиш]

Тадриҷан зарурати дар эҷоди бадеӣ тасвир намудани симои қаҳрамонон ва бунёдкунандагони ҷамъияти сотсиалистиро ҳис карда, дар боби адои ин вазифа насрро қолаби мувофиқтар донистааст ва ҷиддан ба насрнависӣ гузашта, аввалин очерку ҳикоя ва қиссаву романҳои ҷолибашро тақдими адабиёт намуда, барҳақ асосгузори насри реалистии тоҷик гардидааст. Соли 1920 якумин қиссаи мусаннади худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар заминаи корбасти санаду далелҳои муътамади таърихӣ разолату ҷаҳолат ва ҳодисаву фоҷиаҳои хунбори вопасин рӯзҳои аморати Бухороро ҷасурона фошу мазаммат кардааст.

Баъдан қиссаи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина»-ро ба қалам оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924—1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп кунондааст. Соли 1927 қиссаи мазкур таҳти унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст.

Дар асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ дар арафаи инқилоб тасвир ёфтааст.

Нахустин романи ӯ «Дохунда» соли 1930 аз чоп баромад, ки лаҳзаву лавҳаҳои дилхароши зиндагонии пешазинқилобию даврони инқилоб ва ҷангу хунрезиҳои ҳамватаниро фаро гирифта, муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва бунёди ҳаёти нав воқиъбинона ба тасвир овардааст. Соли 1935 калонтарин романи ӯ «Ғуломон» интишор ёфтааст, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро инъикос намуда, дар бораи чӣ тавр аз ҳолати мазлумӣ ба зиндагонии саодатманди сотсиалистӣ расидани мардумро равшану зиндаву гӯё ҳикоят кардааст. Солҳои 1935—1940 чанд асари дигари мансур офаридааст, ки қиссаҳои мусаннади ёддоштии «Мактаби куҳна»-ву «Ятим» аз он ҷумлаанд. Устод Айнӣ ба воситаи қиссаву романҳои номбурда аввалин бор дар таърихи адабиётамон оммаи меҳнаткашро каҳрамони асосии адабиёт қарор додааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) Устод як силсила ҳикоя, очерки таърихӣ ва мақолаи публитсистӣ таълиф намуда, вуҷуди ватандӯстони тоҷикро ба ҷӯшу хурӯш овардааст ва адовати сӯзонашонро нисбат ба фашизм аланга бахшидааст.

Дар тӯли солҳои 1949—1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии «Ёддоштҳо» ба табъ расид, ки дар авроқи он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳаёти халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтаанд. Ин асари безаволу беназир, ки ҳам дар баёни ҳақиқати зиндагӣ, ҳам дар фарогирии хулосаҳои амиқи пурҳикмат ва ҳам дар нигориши бадеию офариниши образҳои мухталиф ба авҷи камол расидани маҳорати адабии нависандаро нишон медиҳад, на фaқат дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказиро ишғол намудааст, балки яке аз муваффақиятҳои ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг эътироф гардидааст. Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштхо» мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лауриати мукофоти давлатӣ гардид. «Ёддоштҳо» аз чаҳор ҷилд иборат буда, рӯзгори як давраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қаҳрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои то ғалабаи инкилоб, ки устод Айнӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик ҳамчун асари ёддоштӣ ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштҳо» бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин рӯ, «Ёддоштҳо»-ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод. Истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айнӣ ба дараҷае тараққӣ кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эҷод намудааст[7].

Соли 1950 барои ду ҷилди аввали «Ёддоштҳо» нависанда сазовори Мукофоти давлатии ИҶШС гардонида шудааст. Устод Айнӣ дар даврони шӯравӣ асосан ба насрнависӣ машғул шуда бошад ҳам, шеъргӯйиро тарк накарда, аҳёнан дар ҷаридоти «Овози тоҷик», «Тоҷикистони Сурх», маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ва «Шарқи Сурх» шеърҳои таблиғотӣ, қасидаву манзумаву достонҳои хонданӣ чоп кунондааст. Намунаҳои осори манзуми дар давраҳои гуногун офаридаи ӯ дар маҷмӯаҳои «Ёдгорӣ» (1935), «Ашъори мунтахаб» (1958), «Ахгари Инқилоб» (1974) гирдоварӣ ва чоп шудаанд[8].

Саҳми илмӣ[вироиш]

5 сомонӣ бо акси С.Айнӣ

Устод Айнӣ, дар баробари фаъолияти адабӣ, бисёр асарҳои пурқимати илмӣ ҳам таълиф намудааст, ки «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (Тошканд, 1923), «Материалҳо оид ба таърихи Инқилоби Бухоро» (Маскав, 1926) ва чандин мақолаву очерки тадқиқотӣ намунаи онҳостанд. Соли 1934 асари пурарзишро дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»- и ӯ ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхурраис Абуалии Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рудакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлонӣ доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эҷодии Абулкосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони шӯравиву хориҷӣ фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавчуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро ҳамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд

Аз ин чиҳат хизмати устод Айнӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши муҳаққиқонро муайян намуд. Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлонӣ ранҷ кашида, аз нахли кӯҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажӯҳишгарон аз бӯйи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

Ин боғ зи нахли куҳан оростаам,

В-он нахл ба теғи хона пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

Айнӣ

Мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар роҳи демократӣ кунондани забони адабии тоҷик ва инкишофи он нақши муҳим бозидаанд. Хидмати ӯ, махсусан, дар соҳаи адабиётшиносӣ хеле бузург аст ва беҳуда нест, ки таърихи адабиётшиносии даврони шӯравии тоҷик аз соли нашри нахустин асари сарнавиштсози тадқиқотии ӯ — «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) солшуморӣ мешавад. Осори адабию илмии Устод Айнӣ дар Куллиёти 15-ҷилда гирдовардӣ шудаанд, ки то имрӯз 14 ҷилди он аз чоп баромадааст. Устод Айнӣ ҳиссае аз асарҳояшро ба забони ӯзбекӣ ҳам таълифу тарҷума карда, дар ташаккули адабиёти даврони шӯравии ӯзбек ҳам саҳми сазовор гузоштааст, ки муҳимтарини онҳо дар мунтахаби ҳаштҷилдаи осораш (ба забони ӯзбекӣ) дар Тошканд интишор ёфтаанд. Устод Айнӣ дар бобати нашри осори гузаштагон ва тарҷумаву таҳрири асарҳои тарҷумавии нависандагони халқҳои бародар низ фаъолона ширкат доштааст. Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» (1927) аз тоторӣ ба тоҷикӣ мутаъаллиқи хомаи заркори ӯст. Аксарияти таълифоти ӯ, минҷумла, асарҳои калони насрияш, ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва борҳо чоп шудаанд[8].

Бобоҷон Ғафуров дар бораи Айнӣ[вироиш]

Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946—1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт:

Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст.

Ин сухани Бобоҷон Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд"[9].

Некдошти устод[вироиш]

Садриддин Айнӣ ва Максим Горкий пайкараҳои асосгузорони адабиёти шӯравӣ, назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ш. Душанбе Осорхонаи Садриддин Айнӣ (дар ҳавлии нависанда) дар ш. Самарқанд

Ҳазорон ҳамчу булбул дар баҳоре мешавад пайдо,

Навосанҷе чу ту дар рӯзгоре кай шавад пайдо?

Осори бузурги Садриддин Айнӣ, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷаҳони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён тарҷума ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд.

  • ба номи Садриддин Айнӣ якчанд кучаву маҳаллаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.
  • Солҳои 1935, 1949 ва 1953 ҷашни солгарди ҳаёту эҷодиёти ӯ, соли 1978 садумин солгарди зодрӯзи бузургмарди таърихи миллат ботантана таҷлил ёфтаанд.
  • Аз соли 1958, ҳамасола, дар рӯзи таваллуди нависанда Маҷлиси илмии «Солонаи Айнӣ» барпо гардида, маводи он дар маҷмӯаи махсуси «Ҷашнномаи Айнӣ» нашр мешавад.
  • Соли 1977 муҷассамаи азиму нимпайкараҳои муҷаллояш дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва чандин шаҳру навоҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон қомат афрохтанд.
  • Дар шаҳри Душанбе Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, дар Самарқанд (дар ҳавлии нависанда) Осорхонаи ёдгории Садриддин Айнӣ ташкил ёфтаанд, ки зиёратгоҳи хосу оми ҷаҳонанд.
  • Ҷоизаи махсуси адабии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (2005) номи ӯро дорад, ки дар ду сол як маротиба адибони соҳибкитоби хушсалиқа сазовораш гардонида мешаванд.
  • Дар ш. Душанбе Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ ва Мақбараи Айнӣ бунёд шудааст;
  • Устод Айнӣ соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нахустин шахсиятҳои барҷастаи ҷумҳурӣ мебошад, ки дорандаи унвони олии давлатии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон тақдир шудааст.[8]
Шоиру нависандагон дар шафати бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, С. Айнӣ бо М. Горкий

Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии зодрӯзи устод дар тамоми ҷаҳон қайд карда шуд.

Мероси адабӣ ва илмии устод[вироиш]

Асарҳо дар китобхонаи электронӣ[вироиш]

Адабиёт дар бораи Садриддин Айнӣ[вироиш]

Ба забони тоҷикӣ:

  • Асозода, Х. Устод Айнӣ дар шинохти С. Улуғзода. — Душанбе: Деваштич, 2001. — 112 с.
  • Аслонова, Н. Шахсияти С.Айнӣ ва коргоҳи эҷодии ӯ. — Душанбе: Деваштич, 2003. — 48 с.
  • Асозода, Х. Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ. — Душанбе: Деваштич, 2004. — 92 с.
  • Аслонова, Н. Симои С.Айнӣ дар насри муосири тоҷик. — Душанбе: Деваштич, 2006. — 135 с.
  • Аслонова, Н. Андешаҳои адабӣ-эстетикии Садриддин Айнӣ. / Зери назари Х. Асозода. — Душанбе, 2012. — 355 с.
  • Бектош, Н. С. Айнӣ ва эҷодиёти ӯ. — Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1933. — 55 с.
  • Бобоев. Ю. И. жанри таърихӣ ва романи «Ғуломон»-и С. Айнӣ. — Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1948. — 53 с.
  • Баршинский, И. С. ҳаёт ва эҷодиёти С. Айнӣ. — Душанбе: Ирфон, 1968. — 193 с.
  • Бобоев, Ю. И. Ба муносибати 90-солагии рӯзи таваллудаш. — Душанбе: Ирфон, 1968. — 36 с.
  • Боғизода Ҷ. Нависанда ва идеали замон. — Душанбе: Адиб, 1987. — 256 с.
  • Валихоҷаев Б., Воҳидов Р. Муҳаққиқи бузурги ду адабиёт. / дар бораи С. Айнӣ. — Душанбе: Ирфон, 1978. — 60 с.
  • Зиндагинома ва осори С. Айнӣ. — Муҳаррир Н. Аслонов: ДМТ, Душанбе, 2013. — 188 с.
  • Исмоилов С. Проблемаҳои иқтисодӣ дар осори А. Дониш ва С. Айнӣ. — Душанбе: 1999. — 304 с.
  • Имомов Муҳаммадюсуф Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии С. Айнӣ. — Душанбе: Матбуот, 2001.
  • Кучаров Аламхон. Нақди матни осори С. Айнӣ: Дарси махсус барои факултаҳои филологии мактабҳои олӣ . — Душанбе, 2000. — 154 с.
  • Луғати осори С. Айнӣ: Тарт. Х. Рауфов, Х. Муҳаммадиева, И. Шукурова, М. Ҳайдарова ва диг. / Муҳар. Р. Ҳошим ва Х. Рауфов. — Душанбе: Дониш, 1978. — 236 с.
  • Маниёзов, А. Публисистика ва назми устод С. Айнӣ /1918-1921/. — Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1958. — 151 с.
  • Мукотибаи С.Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ: Эҳдо ба 125 -солагии утод С. Айнӣ . — Душанбе: Дониш, 2003. — 140 с.
  • Мактаби адабии устод С. Айнӣ: Таҳия аз Камол Айнӣ. / Муҳар. Шарифова, Б. — Душанбе: 2010. — 202 с.
  • Маҳмадаминов Абдулҳай. С. Айнӣ — олим. — Душанбе: Истеъдод, 2010. — 64 с.
  • Нозимов Барот. Воситаҳои офариниши образҳои типӣ дар повесту романҳои С.Айнӣ: Воситаи таълимӣ. — Душанбе, 1982. — 93 с.
  • Обиддинов К. Д. Садриддин Айнӣ. Ба муносибати ҷашни 30 — солагии фаъолияти иҷтимоӣ ва адабияш. — Сталинобод: Нашр- давтоҷик, 1936. — 40 с.
  • Р. Ҳошим. Садриддин Айнӣ ва инкишофи лексикаи забони адабии форс. /Муҳар. Масъул. Р.Хошим. — Душанбе: Дониш, 1978. — 46 с.
  • Раҳимҷони Шарофзода, Садриддин Айнӣ аз дидгоҳи библиографияи адабӣ [Матн]. — Душанбе,1992. — 172 с.
  • Раҳмонов Ш. Шеър ва Айнӣ: Ақидаҳои адабию бадеӣ ва эстетикии устод Айнӣ. — Душанбе: Маориф, 1994. −192 с.
  • Раҳмонов Шоҳзамон. Ақидаҳои адабӣ ва назари эстетикии устод Садриддин Айнӣ. — Душанбе, 2008. — 241 с.
  • Садриддин Айнӣ. Қаҳрамони халқи тоҷик: Повести таърихӣ барои бачагони синни калони мактабӣ /Муҳаррир Ш.Ҷумаев. — Душанбе: Ирфон,1969. — 92 с.
  • Садриддин Айнӣ бузурге аз дунёи форсизабон. / Мураттиб Н. Аслонова. — Душанбе: Шуҷоиён,2010. — 224 с.
  • Табаров С. Романи «Ғуломон»-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ. — Душанбе: Адиб, 2005. — 240 с.
  • Ҳошим, Р. Солҳо ва саҳифаҳо: Мақола ва ёддоштҳо. — Душанбе: Адиб, 1988. −320 с.
  • Шукуров М. Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ. — Душанбе: Дониш, 1966. — 245 с.
  • Шакурӣ Муҳаммадҷони Бухороӣ. Садриддин Айнӣ равшангари бузурги таърих. — Хуҷанд: Нури Маърифат, 2001. — 106 с.
  • Энсиклопедияи насри муосири тоҷик: С. Айнӣ / Ёддоштҳо. Таҳр. қисм. Иборат аз як китоб . — Душанбе: СЭМТ, 2009. — 680 с.
  • Ҷашни Айнӣ: Ҷилди IХ. — Душанбе: Дониш, 2002. — 247 с.
  • Ҷашни Айнӣ: Ҷилди Х. — Душанбе: Дониш, 2003. — 152 с.
  • Ҷашномаи Айнӣ: Ҷилди ХI. — Душанбе: Дониш, 2010. — 139 с.《[email protected]

Пайванди беруна[вироиш]

tg.wikipedia.org

Айни, Садриддин — Википедия

В Википедии есть статьи о других людях с фамилией Айни.

Садридди́н Айни́ (перс. صدرالدين عيني, тадж. Садриддин Айнӣ, настоящее имя Садридди́н Саи́д-Муродзо́да; 1878—1954) — таджикский советский писатель, общественный деятель и учёный, автор трудов по истории и литературе народов Средней Азии. Основоположник таджикской советской литературы и один из за­чи­на­те­лей узбекской советской литературы[5]. Герой Таджикистана (1998, посмертно).

Родился 15 [27] апреля 1878 в селе Сактар (ныне Гиждуванский район Бухарская область, Узбекистан), в зажиточной крестьянской семье[6]. Мать его происходила из села Махалаи Боло Шафирканского тумана (ныне Бухарской области Республики Узбекистан). В 1890 г. во время эпидемии холеры почти одновременно умерли его отец и мать.

Айни учился в бухарском медресе Кукельдаш. Зарабатывал на жизнь стиркой, прислуживанием в богатых домах, уборкой. Был близко знаком с видными бухарскими интеллектуалами, среди которых были Садри Зиё, домулла Икрамча и др. Садриддин Айни был участником движения просветителей — джадидов.

Принимал участие в установлении Советской власти в Бухаре. В советское время занимался в основном литературной деятельностью. Составил впервые антологию таджикского национального творчества «Образцы таджикской литературы».

С 14 апреля 1951 года — академик и первый президент АН Таджикской ССР[6]. Депутат ВС СССР 3—4 созывов (с 1950 года).

Айни был в числе организаторов Самаркандского государственного университета в 1927 году, который тогда назывался академией.

Садриддин Айни кроме родного таджикского[7] прекрасно знал узбекский язык и некоторые свои произведения писал на обоих языках. Он внес значительный вклад в литературу обоих народов.

Его основные труды: «Одина» (опубликован в 1924), «Дохунда» (опубликован в 1930), «Рабы» (1934), «Смерть ростовщика» (1939) «Воспоминания» («Бухара»; 1949—1954). Повесть «Одина» считается началом новой таджикской литературы. Писатель Д. Икрами говорил «Все мы вышли из „Одины“..» «Дохунда» знаменует дальнейшее развитие автора в русле соцреализма. Если Одина пассивный герой, то Дохунда активный участник революции. «Рабы» — первый таджикский роман, рисующий жизнь Средней Азии от начала XIX века до 30-х годов XX века. В «Смерти ростовщика» создан колоритный образ ханжи и скряги Кори Ишкамба, сравнимый с Гобсеком, Плюшкиным, Иудушкой Головлёвым, и в то же время имеющий национальные таджикские черты.

«Воспоминания» представляют по существу собрание новелл о детстве, юности автора и дают широкую картину жизни бухарского общества на рубеже веков. Они получили высокою оценку писателей СССР, например, Леонида Леонова[8], Константина Федина, а также иранских писателей[кто?]. За книгу «Воспоминания» (часть I, II) Садриддин Айни была присуждена Сталинская премия в 1950 году.

Высоко оценивали творчество устода также Самуил Маршак, Антанас Венцлова. Луи Арагон сравнивал его с Джеком Лондоном и Киплингом. Украинский писатель Иван Дзюба написал исследование об Айни[9]. На Каирской конференции писателей Азии и Африки 1962 году он поставлен в один ряд с такими классиками востока как Рабиндранат Тагор, Лу Синь, Таха Хусейн. Произведения Айни переведены на русский, украинский, белорусский, литовский, польский, чешский, французский, урду.

Работал над составлением антологии «Образцы таджикской литературы», включавшей в себя лучшие образцы поэзии, начиная от Рудаки и до начала XX века. Этим изданием Айни доказывал существование самостоятельной таджикской нации, её истории и культуры в своём споре с пантюркистами. Вместе с тем, ещё в 1914 году С. Айни осуждал неуместное использование термина сарт и предлагал применять термины туркестанец или узбек вместо него.[10]

Пантюркизм имел в начале двадцатых годов поддержку сверху, так как СССР был заинтересован в хороших отношениях с кемалистской Турцией. Это не значит, что Айни «не принял» Советской власти, хотя подобные обвинения в его адрес и выдвигались, например Н. И. Бухариным.

Участник вскрытия гробницы Тамерлана в 1941 году, а также могилы основоположника классической поэзии фарси Рудаки. Встречался с И. В. Сталиным, М. Горьким, Я. Коласом, Ю. Фучиком, С. П. Бородиным.

Умер 15 июля 1954 года в Сталинабаде (ныне Душанбе, Таджикистан).

  • консультировал И.Муминова при работе над докторской диссертацией.
Памятники Максима Горького и Садриддина Айни на стеле здания Союза писателей Таджикистана
  1. 1 2 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 29. — ISBN 978-2-221-06888-5
  2. ↑ идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
  3. ↑ SNAC — 2010.
  4. ↑ Library of Congress Authorities — Library of Congress.
  5. ↑ Большая Российская энциклопедия. АЙНИ́
  6. 1 2 Большая Российская энциклопедия: В 30 т. / Председатель науч.-ред. совета Ю. С. Осипов. Отв. ред С. Л. Кравец. Т. 1. А — Анкетирование. — М.: Большая Российская энциклопедия, 2005. — 766 с.: ил.: карт.
  7. ↑ Айни и Самарканд
  8. ↑ Л. Леонов. "Соратники по оружию" // Литературная газета, 1949 г.
  9. ↑ Дзюба, І.М. Садріддін Айні. Нарис життя і творчості. — К.: «Дніпро (укр.)русск.», серия «Литературный портрет», 1987. — 239 с.
  10. ↑ Айни С., Хар миллат уз тили ила фахр этар // «Ойина» (1914-1915й.). Нашрга тайерловчилар: Н.Норкулов, К.Раббимов. Тошкент: «Академия» нашриети, 2001
  11. ↑ Указ Президента Республики Узбекистан от 22 августа 2001 года № УП-2916 «О награждении посмертно мастеров литературы и искусства, внесших огромный вклад в развитие узбекской национальной культуры»
  12. 1 2 Культурные события Архивировано 15 октября 2011 года.
  • Писатели Таджикистана: (Декада таджикской литературы и искусства) / Автор-составитель М. Занд; Обложка художника М. И. Серебрянской; Союз писателей Таджикистана. — Сталинабад: Таджикгосиздат, 1957. — С. 5-10. — 88 с. — 5 000 экз. (обл.)
  • Акобиров Ю., Харисов Ш. Садриддин Айни. — М.: Молодая гвардия, 1968. — 144 с. — (Жизнь замечательных людей). — 100 000 экз. (в пер.)
  • Айни С. Одина. 1924.
  • Айни С. Дохунда. 1930.
  • Айни С. Воспоминания. (Бухара) 1954

ru.wikipedia.org

Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ (1878-1954)

   Асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қахрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ 15-апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Гиждувон, вилояти Бухоро ба дунё омадааст. 

Падари устод  Саидмуродхоҷа, ки соҳиби хату савод буд, яке аз одамони болаёқат ва зарофатманди қишлоқ ба ҳисоб мерафт. Саидмуродхоча ҳамеша кӯшиш мекард, ки донишу таҷрибаи ҳаётиашро ба писаронаш омӯзонад.
Садриддин дар шашсолагиаш ба мактаб меравад. Усули таълиму тарбияи он мактаб ақалан барои ёд гирифтани алифбо имконият надодааст, ки дар повести «Мактаби кӯҳна» нависанда онро тасвир мекунад.
«Чунон ки падарам дид, - менависад С. Айнӣ дар «Ёддоштҳо»,- дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолаги мактабро хатм мекунад.
Бачагии Садриддин дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофии онро фаро гирифт, дар байни чиҳил рӯз уро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.
Орзую ҳаваси илму шеър Айнии 12-соларо ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин камбағалбачагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасманди ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек. Ҳоҷи Зоҳид ва Кӯкалтош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.
Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз хеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд.
Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт.
Аз соли 1896 Садриддин бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст.
Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводирулвакоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда  дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эъҷодиёти идеяҳои пешкадами маорифпарварон  Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Тахзибуссибён»- ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар руҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони мактабҳои нав офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъкул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва уро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин ба Самарканд кӯчида меояд.  Ӯ чи дар Самарканд ва чи дар Тошкент дар корҳои кумитаи револютсиони иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои чанги менависад, таргиботу ташвикот мебарад.
  Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шӯравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда - Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» - и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Муҳиддинхоҷаро низ катл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихи ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амири таърихан қонунист.
Ҳамин тавр бо ғалабаи Инқилоби Октябр  нависанда аз нав ҷавон шуд. Истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айнӣ ба дараҷае тараққи кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эъҷод намудааст. Барои хизматҳои адаби ва ҷамъиятиаш Айнӣ бо се ордени Ленин, ду «Байрақи сурхи меҳнат» ва медалу грамотаҳо мукофотонида шудаааст.
Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори фанҳои филологи бахшида шуда, бо унвони академики  фахрии Академияи фанҳои РСС ӯзбакистон такдир карда шуда буд. Айнӣ академики Академияи Тоҷикистон таъин гардида буд, ӯ нахустпрезиденти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 1958 инчониб ҳар сол дар рӯзи таваллуди нависанда  маҷлиси илмии «Солонаи Айнӣ» барпо шуда, материалҳои он дар мачмуаи махсуси «Ҷашнномаи Айнӣ» нашр мегарданд. Бисёр деҳаву ноҳияҳо, кучаю хиёбонҳо, мактабҳо номи ӯро гирифтанд.
Бо фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон 8-уми сентябри соли 1997 ба устод Айнӣ Унвони « Каҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Устод Садриддин Айнӣ  соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло макбараи  Устод Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Он ҷоро  ҳозир боғи Айнӣ мегӯянд.

Бузурги ва қувваи эъҷодиёти С.Айнӣ.

Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Айнӣ аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғани гардонидааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик ба номи ӯ сахт вобаста аст. Барои Айнӣ ҳамчун барои тамоми сухансароён ҳақиқати воқеъи сарчашмаи асосии эъҷоди буд. Ба фарроши чашмгуруснаи дирӯзаи мадраса, ки бо як бурида нон қаноат карда, дониш андӯхтааст, моҳияти тагиротҳои зиндаги на якбора равшан гардидааст.
Роҳи Айнӣ бо сӯи комёбиҳои адабиёт аз зиндони амири Бухоро мегузарад. Нависанда ба гузаштаи таърихии халқи хеш рӯ меорад, то аз қуллаҳои музаффариятҳо дигаргуниҳои бузургро равшантар бубинад. Дар солҳои гуногун паси ҳам асарҳои ӯ, ки бо ҳаёти воқеи сахт алоқаманд буданд, хонандагони бешумореро пайдо намудаанд.
Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарси буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардиданд.
Повесту романҳои нависанда:  «Чаллодони Бухоро», «Одина», «Ятим», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо», «Ахтари Инқилоб», «Тахзибуссибён» аз ҳаёти халқи аъзиятдида нақл мекунанд.
Нахустин шеъри инқилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айнӣ эълон гардидааст, ин «Марсия» - и ӯст. Ин асар ба муносибати фоҷиаи кушта шудани бародараш Сирочиддин бахшида шуда буд:

Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
…Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!

…Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сиях яксон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

Шеърҳои ба мактабу илмҷӯи бахшидаи Айнӣ бо забони соддаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои «Замзамаи дабистон», «Суруди мактаб», «Саҳаргоҳон» ва ғайра боварибахш ва самимона эъҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

… Биёед эй рафиқон дарс хонем, 
Ба бекорию нодони намонем,
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.  

Нахустин асари калони насрии Айнӣ повести «Ҷаллодони Бухоро» дар соли 1920 эъҷод шудааст. Дар ин асар нависанда як қатор эпизодҳо, рафтору кирдори пурдаҳшати амир, ваҳшоният, фитнагари ва маккории амалдорони ӯро дар ҳикоя ва сухбатҳои байниякдигарии персонажҳои гуногун кушодааст.
Повести «Одина», «Гуломон», «Дохунда» дар таърихи адабиёти советии тоҷик ҳамчун эпопеяи (ҷангномаи) сегона таълиф шудааст.
Устод Айнӣ, ки бештар ба мавзӯъҳои таърихи муроҷиат мекард, орзу дошт дар асари мустақиле ба мавзӯи вокеаҳои замони баъди револютсия ҳам  рӯ орад. Бо ин максад ӯ повести «Ятим»-ро (1940) ба 10-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бахшида буд. Мавзӯи асар аз воқеаҳои солҳои аввали баъди Револютсияи Халқии Бухоро шурӯъ мешавад: табақаи доро бо сохти нави Шӯравӣ созиш накарда, на фақат худ бо молу давлаташ ба хориҷа ҳичрат мекард, инчунин зердастону хизматгоронашро бо фиребу найранг ба роҳи ғалат андохта низ бо худ мебурд. 

Мероси илми ва адабии устод

  Садриддин Айнӣ ба эъҷоди асарҳои илми ҳанӯз дар ибтидои асри XX шурӯъ карда буд. Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарсӣ буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардидаанд. Яке аз онҳо «Тахзибуссибён» аст, ки устод аз нигоҳи нав барои толибилмони хурдсол онро иншо кард. Дар китоб дар баробари додани қоидаҳои забон ҳикояҳои хурди пандомез, ки бештари онҳо эъҷоди худи муаллиф буданд, дохил гардидаанд.
Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Устод ба муқобили ин чараёни носолими пантуркизм бархоста, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»- ро соли 1926 иншо намуд. Устод дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннахру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эъҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ, Кисоии Марвази, Абухафси Суғди ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тарик, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғани доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслихатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.
Пас аз ин устод Айнӣ дар бораи симоҳои барҷастаи фарҳангӣ ва адабии тоҷик ба навиштани асарҳои илмию тадқиқоти мепардозад Соли 1934 асари пурарзиши худ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шохнома»- и ӯро ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхураис Абуалии Сино», «Шайх Муслихиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Камоли Хуҷанди», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эъҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлони доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эъҷодии Абулқосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони Шӯравиву хориҷи фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавҷуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро хамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд.
Аз ин ҷихат хизмати устод Айнӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши мухаққиқонро муйян намуд.
Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлони ранҷ кашида, аз наҳли куҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажуҳишгарон аз бӯи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

Ин боғ зи наҳли кӯхан оростаам,
В-он наҳл ба теғи хона пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

Асосан устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эъҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоири ворид гардид. Таърихи эъҷоди шеъри мазкур ҳам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлиси, нодорами ва қашшоқии хеш дарду аламашро изхор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам 
Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам

Устод Айнӣ пас аз Инқилоби Октябр роҳбару сарвари адибони тоҷик гашт ва худ ашъори рангин иншо кард. Аммо дар тӯли солҳо мазмуну мундариҷаи идеявии ашъори адиб комилан тағйир ёфт. Акнун ба мавзӯъҳои талаботи рӯз даст зада, дар бораи инқилобу озодии мардуми заҳматкаш сухан меронад. Шеърҳои «Марши ҳуррият», «Ба шарафи инқилоби октябр», «Якуми май» ва ғайраҳо эъҷод намуд. Инчунин дар ашъораш мавзӯъҳои байналмилаллии дӯстиву рафоқати меҳнаткашони дуне меҳнати софдилонаи мардуми тоҷик мавкеи асосӣ дошт. Соли 1923 дар Тошканд мачмуаи ашъори устод бо номи дар «Ахтари Инқилоб» аз чоп баромад.
Вале устод Айнӣ эхсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба душ дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша гуфстариши ходисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маъни устод чунин ибрози назар кардааст:

Айнӣ, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард
Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.

Баъдтар асарҳои устод Айнӣ пайдарҳам ба табъ расида, дастраси хонандагон мегарданд. Устод соли 1927- 1929 романи «Дохунда»-ро навишта ба охир мерасонад. Романи «Ғуломон»- ро низ дар байни солҳои 1932 – 1935 навишта онро ба забони ӯзбаки бармегардонад. Ва онҳо дар солҳо 1934 ва 1935 чоп шуда дастраси хонандагон мегарданд.
Устод байни солҳои 1936 - 1940 повести «Марги судхур», «Ятим», «Луғати нимтафсили забони адабии тоҷик» «Шомили 15 хазор калима хаст», «Мактаби кӯҳна» ва боз бисёр асарҳои дигарро офарид. Садриддин Айнӣ дар давраи ҶБВ бештар асарҳои публисисти иншо кард. «Чингизи асри XX», «Деви ҳафтсар», «Хари бедум», «Шероз», «Талвосаи ҷонкании дарандаи захмдор», «Модар - Ватан» ва ғайра, ки дар маҷаллаю рӯзномаҳои давр ба табъ расида буданд, рӯҳияи ватандустӣ ва дустии байни халкҳоро тақвият мебахшиданд. Ҷавононро алайҳи душман – фашизм ба мубориза мехезониданд.
Повести «Ятим» ба яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯз- ватандустӣ, садоқат нисбати Ватан бахшида шудааст. Устод дар асари худ рӯзгори дардомези як ҷавони камбағал – Шоди Мурод (Ятим)-ро ба қалам додаст.

Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштҳо» мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лаурети мукофоти давлати гардид. «Ёддоштҳо» аз чаҳор ҷилд иборат буда, рӯзнигори якдавраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қахрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои солҳои 80 то ғалабаи инқилоби, ки устод Айнӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик хамчун асари ёддошти ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштҳо» бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин ру «Ёддоштҳо»-ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод.
Ҳамин тавр, устод Айнӣ асосан аз «Бадое-ул-вакоеъ»-и Восифӣ илҳом гирифта, эъҷодкорона аз он истифода бурда, шоҳасари бузург «Ёддоштҳо»-ро офарид, ки он ба аксарияти забонҳои дунё тарҷума шудааст.
Осори бузурги Садриддин Айнӣ, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷахони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён ҳаст ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд. 
Имрӯзҳо дар хама ҷо номи Айниро вомехурем. Дар худи шаҳри Душанбе муҷассамаи ӯ гузошта шудааст, ба номи ӯ театри опера ва балет инчунин кучаю хиёбон ва боғ гузошта шудааст. Дар вилояти Суғд ба номи ӯ ноҳия гузошта шудааст, ки як вактҳо худи ӯ дар он чо зиндагӣ карда буд. Дар Кӯлоб низ ӯро ҳама медонад ва меҳнаташро қадр мекунанд. Яке аз калонтарин китобхонаи ш. Кулоб ва инчунин хиёбон ва куча низ ба номи Айнӣ гузошта шудааст. Мо хеҷ гоҳ қаҳрамони Тоҷикистон С. Айниро фаромуш намекунем ва нахоҳем кард.
Устод Айнӣ таърихдон, забоншинос, луғатдон, мураббӣ ва омӯзгор, марди  пуркору меҳнатдӯст буд. Ҳар гоҳ, ки шахс бо муҳаббат ба чини пешонии устод назар андозад, ба хотираш мавҷҳои дарёҳои бузург ва рудҳои шӯх меоянд. Он мавҷҳо ҳам васеъ, ҳам амиқ, ҳам мусаффо менамоянд. Он мавҷҳо аз меҳнати чандинсолаи ин адиби бузург шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, асарҳои эъҷодкардаи устод оинаи дили халқи мо шудаанд. Онҳо орзу, умед ва муборизаҳои халқи моро инъикос мекунанд. 

 

ravshanfikr.tj

Садриддин Айни – биография, книги, отзывы, цитаты

Айни (настоящее имя Садриддин Саид-Муродзода) — выдающийся писатель Таджикистана. С его «Марша свободы», сочиненного на всемирно известный мотив «Марсельезы» в 1918 г., начинается история советской таджикской литературы.

Садриддин Айни родился в кишлаке Соктаре Гиждуванского тумана Бухарского ханства (ныне Гиждуванский район: Бухарской области Узбекской ССР) в дехканской семье. Его отец, большой любитель поэзии, сумел заронить, в душу будущего писателя, только начинавшего осваивать грамоту, любовь к литературе и знанию. Мать его происходила из села Махалаи Боло Шафирканского тумана (ныне Бухарской области Республики Узбекистан). В 1890 году во время эпидемии холеры почти одновременно…

Айни (настоящее имя Садриддин Саид-Муродзода) — выдающийся писатель Таджикистана. С его «Марша свободы», сочиненного на всемирно известный мотив «Марсельезы» в 1918 г., начинается история советской таджикской литературы.

Садриддин Айни родился в кишлаке Соктаре Гиждуванского тумана Бухарского ханства (ныне Гиждуванский район: Бухарской области Узбекской ССР) в дехканской семье. Его отец, большой любитель поэзии, сумел заронить, в душу будущего писателя, только начинавшего осваивать грамоту, любовь к литературе и знанию. Мать его происходила из села Махалаи Боло Шафирканского тумана (ныне Бухарской области Республики Узбекистан). В 1890 году во время эпидемии холеры почти одновременно умирают отец и мать. Садриддин уезжает из родного кишлака в Бухару (сентябрь 1890 г.) и поступает и медресе, традиционное для мусульманских стран учебное заведение религиозного типа, как бы совмещавшее в себе среднюю и высшую школу. Учась, в медресе, он зарабатывает на жизнь стиркой, прислуживанием в богатых домах, уборкой, студенческих келий.
Айни был близко знаком с видными бухарскими интеллектуалами: Садри Зиё, дамулла Икрамча и др.
Жизнь Айни изменило скорее не российское государство как таковое, а российские джадиды-татары, чья община возникла как в Бухаре, так и в ее железнодорожной станции Новой Бухаре (Кагане). Садриддин Айни был участником движения просветителей - джадидов. Он вступает на путь просветительской деятельности — принимает активное участие в организации первых в Бухаре новометодных школ для таджикских детей, пишет для них учебники, стихи, рассказы, утверждая в противовес религиозному мусульманскому богословию пользу светских знаний.
Преследование властей вынудило С. Айни в 1915—1916 гг. скрываться вне Бухары. Он работает около года весовщиком на хлопкоочистительном заводе в Кизил-Теппе. В апреле 1917 года во время разгула реакции, вызванного провокационной джадидской манифестацией в честь объявленных эмиром куцых реформ, С. Айни был наказан 75-ю палочными ударами и брошен в тюрьму. Вместе с другими политическими заключенными был освобожден из тюрьмы русскими революционными солдатами и после почти двухмесячного лечения в госпитале в Кагане переехал на постоянное жительство в Самарканд. В 1918 году эмир из мести казнил младшего брата С. Айни.
С 1918 г. он однозначно оказался на стороне противников эмирского режима, и вместе с левым крылом джадидов-младобухарцев он дрейфовал в сторону большевиков. В 1920 г. он поддержал революцию в эмирате и создание Бухарской народной советской республики.
15 июня 1926 года Айни стал литературным сотрудником открытого в Самарканде отделения Таджикского государственного издательства. Других литературных сотрудников в нем тогда не было.
Через некоторое время после создания Бухарской Народной Республики избирается членом ЦИК республики, а после создания Таджикской АССР в течение ряда лет работает в Таджикском представительстве в Самарканде, в самаркандском отделении Таджикского государственного издательства. С созданием в 1929 году Таджикской Советской Социалистической Республики избирается членом ЦИК Таджикской ССР.
В 1934 году на I Всесоюзном съезде писателей избирается и членом Правления Союза писателей СССР.
С. Айни неоднократно избирался депутатом Душанбинского и Самаркандского городских Советов, дважды (1937, 1947) депутатом Верховного Совета Таджикской ССР.
В 1940 году С. Айни за большие заслуги в области литературоведения присваивается звание заслуженного деятеля науки Таджикской ССР. В 1943 году он избирается почетным членом Академии наук Узбекской ССР, а позже ему присваивается звание заслуженного деятеля науки Узбекской ССР. В 1949 году ученый совет Ленинградского государственного университета им. Жданова присваивает ему без защиты диссертации ученую степень доктора филологических наук, а Высшая аттестационная комиссия — звание профессора.
Составил впервые антологию таджикского национального творчества «Образцы таджикской литературы». С 1951 года первый президент АН Таджикской ССР. Депутат ВС СССР 3—4 созывов (с 1950 года). Айни был в числе организаторов Самаркандского Государственного университета в 1927 году, который тогда назывался академией. Автор трудов по истории и литературе народов Средней Азии, кроме родного таджикского прекрасно знал узбекский язык и некоторые свои произведения писал на обоих языках.

В 1920 г. он пишет свою первую повесть — «Бухарские палачи». Затем в 1924 г. в газете «Овози тоджик» («Голос таджика») публикуется его новая повесть — «Одина». В 1930 г. выходит в свет роман Айни — «Дохунда», посвященный недавнему прошлому таджикского крестьянства, его борьбе против тирании эмиров и их приспешников. В 1934 г. появился исторический роман «Рабы» — широкая эпическая картина борьбы и быта таджикского народа на протяжении более чем столетия до победы социалистической революции и колхозного строя.

Видное место в творчестве писателя заняла повесть «Смерть ростовщика» (1939). В нем писатель нарисовал гротескно-сатирический образ скряги Кори-Ишкамбы, Кори-брюхача.
В годы Великой Отечественной войны Айни написал две исторические повести — «Восстание Муканны» и «Герой таджикского народа Темур Малик».

В начале 50-х годов вышли в свет первые части эпопеи «Ёддоштхо» — «Воспоминания» (на русском языке книга выходила и под названием «Бухара»), Однако смерть помешала писателю довести повествование до задуманного конца. И тем не менее «Воспоминания» — выдающееся произведение советской многонациональной литературы.

www.livelib.ru

Саду чиҳил соли Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ

Имсол устод Садриддин Айнӣ 140-сола шуд. Шахсияти беназири таърихӣ, оне, ки ҷони худро омода буд барои саодати миллати мо нисор кунад.  Садриддин Айнӣ аз он фарзандони фарзонаи миллат буд, ки дар як давраи сарнавиштсоз фидокорона талош карда, барои таъмини бақои умри миллат қаҳрамониҳо нишон додаст ва барои ин ки халқи мазлуму ҷабрдида аз зери харобазори таърих дубора сар бардораду қомат рост кунад, падарвор ғамхорӣ ва сарпарастӣ намудааст.

Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар қишлоқи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд меёбад. Азбаски падари  С. Айнӣ – Саидмуродхоҷа танҳо бо деҳқонӣ эҳтиёҷи оиларо қонеъ гардонида наметавонист, маҷбур буд, ки ба касбҳои бофандагӣ ва сангиосиёбтарошӣ низ машғул шавад.

Садриддин Айнӣ аз овони кўдакӣ ба адабиёт завқу ҳаваси калон дошт. «Шеърҳоро дўст медоштам, ҳарчанд маъниҳои онҳоро дуруст нафаҳмам ҳам, оҳанги онҳо ба ман гуворо менамуд ва ба ёд карда ханда гаштани баъзе шеърҳо кўшиш мекардам» , - ёдоварӣ мекунад ў. Маслиҳат ва шеърхониҳои  падар дар Айнии ҷавон табъи шеъргўиро бедор мекунанд. Садриддин Айнӣ  бештар асарҳои Ҳофиз, Бедил, Навоӣ, Фузулӣ ва дигаронро мутолиа ва аз ёд мекунад.

Айёми нисбатан беғаму хурсандонаи кўдакӣ дер давом накард. Тобистони соли 1889 Садриддини ёздаҳсола аввал аз падар ва баъди 40 рўз аз модари меҳрубон ҷудо гардид . Онҳо гирифтори вабои умумӣ шуда буданд. Пас аз ин Садриддин Айнӣ  тамоми ташвиши рўзгор ва тарбияи додарон ( Сироҷиддини сесола ва Киромиддини чорсола)-ро ба зиммаи худ мегирад.Бо вуҷуди ин ҳама нодорамиҳо, азобу шиканҷаи зиндагӣ орзую ҳаваси таҳсил ўро ҳеҷ гоҳ тарк намекард.

Моҳи октябри  соли 1890 Садриддин ба умеди хондану шахси бофазлу камол шудан роҳи Бухороро пеш мегирад.  Барои ба ин мақсад ноил гаштан ӯро лозим омад, ки бисъёр монеаю нодорамиҳои зиндагӣ, азобу душвориҳои моддию маънавиро  паси сар намояд,  дар кўчаҳои тангу тори Бухоро ба умеди пайдо  кардани манзилгоҳ  сарсонию саргардониҳо дида, хизмати шарикдарсони  сарватманди кундзеҳн ва монанди инро ба ҷо орад. Бо вуҷуди ин истеъдоди фитрӣ, муҳаббати бепоён ба адабиёт, санъату маданияти халқи тоҷик, меҳнатдўстӣ ба Айнӣ  имкон дод, ки дар андак муддат дар байни толибилмон бо донишмандию завқи баланди шеършиносӣ  обрўю эътибор  пайдо намояд. Ҳатто, шахсоне, ки Айнӣ хизмати  онҳоро мекард, тадриҷан муносибати худро тағъир дода, ўро иззату ҳурмат мекардагӣ шуданд.

Садриддин  Айнӣ  зуд-зуд бо тахаллусҳои мухталифи «Сифлӣ», «Мўҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» шеърҳо  менависад ва баъдтар, аз соли 1986 сар карда, яъне дар сини 18 солагӣ тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул  мекунад.Тахаллуси «Айнӣ» барои Садриддини ҷавон хеле маъқул шуд, чунки ин калима  дорои  48 маъно  буда «чашм»,  «манбаъ», «моҳият», «аломат» ва монанди инҳо аз ҷумлаи он маъноҳоянд.

Садриддин Айнӣ ҳанўз дар ҷавониаш ҳамчун олим ва шоир машҳур мешавад. Онҳое ки пештар ба ин ҷавони қишлоқӣ бо таҳқир нигоҳ мекарданд, акнун аз тарси ашъори ҳаҷвии ў тарсида хушомад мегуфтанд ва кўшиш мекарданд, ки ўро ба хизмати амир ба дарбор ҷалб намоянд.

Садриддин Айнӣ дар соли 1909 барои мактабҳои  усули нав китоби хониши « Таҳзиб-ус-сибъён»-ро тартиб дод. Дар он табиати зебою  дилнишин, тарбияи завқи бадеӣ, масъалаҳои маориф, маърифатнокии мардум  ва озодию  баробарҳуқуқии занон ва монанди  ин тасвиру тавсиф ёфта буд. Табиист , ки  чунин тарзу усули  таълим ва тарбияи кўдакон  ба саркардагони аморат ва ҳомиёни ҷиҳили дин маъқул набуд. Бинобар ин онҳо тарафдорони усули нави таълиму тарбияро таъқиб намуданд. С.Айнӣ маҷбур буд, ки бо ҳамфикрони худ бо номи «Тарбияи атфол» ҷамъияти махфӣ ташкил намуда, бо усули нав таълимдиҳиро давом диҳад.

Соли 1916 ҳангоми дар Қаршӣ будани   Садриддин Айнӣ хабар расид, ки  ўро дар мадрасаи «Хиёбон» мударрис таъин кардаанд. Айнӣ барои аз ғазаби амир халос шудан ин вазифаро  расман қабул кард. Дар асл тамоми корро  ба ўҳдаи  калоншавандагони мадраса вогузошт.

Моҳи апрели соли 1917 ҷадидҳои Бухоро ба муносибати  «фармони ислоҳот»-и амир  зери шиори « Зинда бод амири ҳурриятпарвар» намоиши миннатдорӣ гузарониданӣ шуданд. Бо вуҷуди он ки Садриддин Айнӣ дар ибтидои фаъолияти иҷтимоию сиёсии худ ба ҳаракати ҷадидӣ хайрхоҳ буд, муқобили намоиш баромад ва пешвоёни онро аз ин роҳи хатарнок боздоштанӣ шуд. Вале ҷадидон ба гуфтаҳои Садриддин Айнӣ этибор надоданд ва намоиши «миннатдорӣ» бо фоҷиа анҷомид. 

Ҳарчанд  Айнӣ дар намоиш иштирок накард, 9-уми апрел  ўро аз ҳуҷрааш  дастгир карда, 75 чўб зада, ба зиндон партофтанд. Бо қарори Шӯрои депутатҳои  коргарони Когон сарбозони инқилобӣ  ўро аз зиндони амир озод карданд. Ба ин муносибат митинге  барпо гардид, ки дертар Садриддин  Айнӣ чунин ёдоварӣ мекунад: «Ман, ки бо хўрдани 75 чўби амир гиря кардан  он тараф истад, «воҳ» нагуфта  мардонавор истода будам, дар ин ҷо  аз  гиря худдорӣ  карда натавонистам – ин гиряи шодӣ буд». Пас аз муолиҷаи дуру дароз дар беморхонаи Когон  Садриддин  Айнӣ 3-юми июни соли 1917 ба Самарқанд  меравад ва он ҷоро иқоматгоҳи доимии худ қарор медиҳад.

Инқилоби Октябр (1917)-ро  ў бо хушнудӣ  пешвоз гирифта, аз рўзҳои аввал ба хизмати он камар мебандад ва дар сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ  фаъолона иштирок менамояд.

Аз соли 1918 дар маҷмўи  маорифи халқ ва матбуоти инқилобии тоҷику ўзбек кор мекунад. Сипас,  дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон (аз соли 1926) вазифаи мушовир ва муҳаррири адабиро иҷро мекунад.

Шеърҳои дар солҳои 1918-1921 навиштаи  Садриддин  Айнӣ «Машри ҳуррият», «Ба шарафи  Инқилоби Октябр» , «Марши байналмилал», «Якуми май» ва ғайра дар маҷаллаи «Шўълаи инқилоб» ва рўзномаи  «Меҳнаткашлар  товуши» чоп шуда, дар нахустин маҷаллаи ў «Ахтари инқилоб» ворид гардидаанд. Соли 1920 якумин повести худ  «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар он бо  далелҳои таърихӣ разолат ва фоҷиаҳои рўзҳои вопасини аморати Бухороро фош мекунад. Пас  аз ин ў повести дигар худ «Саргузашти як тоҷики камбағал» ё ки «Одина»-ро ба вуҷуд оварда, қисмҳои аввали онро солҳои  1924-1925 дар рўзномаи «Овози тоҷик» чоп мекунад ва соли 1927 повест пурра бо унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида  нашр мешавад. Ин повест ва романҳои «Дохунда» (1930) ва «Ғуломон» (1934) якҷоя асари сегона-трилогияи хоса мебошад, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро дар бар мегирад.

Солҳои 1935-1940  боз якчанд асарҳои насрӣ: повестҳои «Мактаби кўҳна» (1936), «Марги судхўр» ва «Ятим» (1939), очеркҳои «Колхози коммунизм» (1934), «Ҷашни таърихӣ» (1936) ва «Тирози ҷаҳон» (1939)-ро эҷод мекунад.

Ў соли 1943 аъзои фахрии Академияи фанҳои Ўзбекистон интихоб мегардад ва баъдтар (1948) шўрои илмии Университети Ленинград ба вай унвони доктори илми филологияро медиҳад. Сипас, академик ва аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) интихоб мешавад.

Дар солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷимаиҳолии ў  «Ёддоштҳо» ба табъ мерасад, ки дар он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихии ҳаёти халқи тоҷик аз охирҳои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ инъикос ёфтааст. Барои  ҷилди якум ва дуюми «Ёддоштҳо» ў соли 1950 Лауреати мукофоти давлатӣ мегардад.

Садриддин  Айнӣ дар баробари фаъолияти адабӣ бисёр асарҳои илмӣ низ таълиф намудааст. Чунончӣ, доир ба таърих ду рисолаи калон «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1923) ва «Материалҳо оид ба таърихи инқилоби Бухоро» (1926) ва якчанд мақолаҳои ў доир ба масъалаҳои забоншиносии солҳои бистум барои демократикунонии забони адабии тоҷик ва инкишофи минъбадаи он нақши муҳим бозидаанд.

Хизмати С.Айнӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ низ хеле бузург мебошад. Адабиётшиносии давраи шўравии тоҷик таърихи худро бо нахустин асари таҳқиқотии ў « Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) оғоз менамояд. Рисолаҳои илмии вай оиди ҳаёт ва эҷодиёти Рўдакӣ, Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Восифӣ ва ғайра то кунун аҳамияти худро гум накардаанд.

Осори адабиву илмии С.Айнӣ дар «Куллиёт»-и понздаҳҷилдаи ў гирд оварда шудаанд.

С.Айнӣ як қисм асарҳояшро ба забонҳои ўзбекӣ таълиф ва тарҷума намуда, дар рушди адабиёти шўравии ўзбек низ саҳми худро гузоштааст. Номи С.Айнӣ дар конфронси дуввуми нависандагони Осиёву Африқо (Қоҳира, феврали соли 1962) дар қатори бузургтарин адибони Шарқ-Робиндранат Такур, Таҳо Ҳусайн, Лу Синъ ёдоварӣ шудааст. Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» (1974) ба қалами ў тааллуқ дорад.

Аксарияти таълифоти С. Айнӣ, хусусан асарҳои калони насрияш ба забонҳои қариб ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва бисёр мамолики хориҷ тарҷума ва чандин маротиба нашр гардидаанд.

С.Айнӣ узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии халқии Бухоро (1923), узви Кумитаи Иҷрояи Марказии ҶШС  Тоҷикистон (1929), депутати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1947) ва Шўрои Олии ИҶШС (1950-1954) ва борҳо депутати Шўроҳои шаҳрии шаҳрҳои Самарқанду  Душанбе интихоб шудааст.Вай узви раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1934), ходими Хизматнишондодаи  илми Тоҷикистон (1940) буд.

Барои хизматҳои шоёни адабӣ ва ҷамъиятиаш ў бо се ордени Ленин (1941,1948,1949), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1953), ордени ҷумҳуриявии «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1931) ва Ифтихорномаҳои Шўрои  Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.  Дар шаҳри Душанбе осорхонаи адабии С.Айнӣ ва дар шаҳри Самарқанд (дар ҷои зисти аввалаш) осорхонаи ёдгории ў амал мекунад. Тибқи Қарори ЮНЕСКО (1978) ба муносибати ҷашни 100-солагии зодрўзи С.Айнӣ дар ш. Душанбе ду ёдгорӣ гузошта шуданд, ки онҳо ҳамчун ифодагари марҳилаҳои рўзгору эҷоди ин фарзанди барўманди халқи тоҷик мебошанд. Яке аз ин ёдгориҳо «М. Горкий ва С. Айнӣ» ном гирифта, лаҳзаи сўҳбати ду нафар бузургони адабиёти муосирро таҷассум менамояд.  Ёдгории дигаре дар   майдоне ба номи устод Садриддин  Айнӣ, бо шукўҳу шаҳмати зиёде, дар якҷоягӣ бо қаҳрамононаш қомат афрохтааст ва он натанҳо дар Тоҷикистон , балки дар миқёси Осиёи Миёна ҳамчун асари беназири муҷассамасозӣ эътироф  гардидааст.

Устод Садриддин Айнӣ 15 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пўшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Соли гузашта шаҳрдории Душанбе ин боғро таъмир ва мақбараро навсозӣ намуд ва ҳоло як боғи нурониву пургули пойтахт ба шумор меравад. 

8-уми сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба устод Садриддин Айнӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Дар Китобхонаи миллӣ шумо метавонед аз устод Садриддин Айнӣ ва дар бораи ӯ ин асарҳоро мутолиа намоед:

Асарҳои мунтахаби С.  Айнӣ.

  • Ашъори мунтахаб (Матн): Мактабӣ кўҳна.- Ҷаллодони Бухоро.- Аҳмади Девбанд.- Марги судхўр.- Одина / Асарҳо.- Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1949.-422 с.
  • Ашъори мунтахаб (Матн).- Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1958.-169 с.
  • Акнун навбати қалам аст (Матн): Осори баргузида / Иборат аз ду ҷилд.-Душанбе: Ирфон, 1977-1978. Ҷ.1.-478 с. Ҷ.2.-464 с.

Асарҳои  алоҳидаи С. Айнӣ:

  • Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам (Матн).-Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1958.-128с.
  • Мактуби кушода ба рафиқ Толис // Толис, П. Повест ва ҳикояҳо (Матн).-Душанбе, 1966.-С.14-20.
  • Одина (Матн): Повест.- Душанбе: Маориф, 1967.-167с.
  • Ёди гузашта (Матн): Ҳикояҳо.-Душанбе: Ирфон, 1971.-28с.
  • Дохунда (Матн): Роман.- Душанбе: Ирфон, 1971.- 432 с.
  • Чашмбандак (Матн): Ҳикояҳо.-Душанбе: Ирфон, 1972.-15с.
  • Чаҳордаҳ ғазал (Матн): Аз ашъори тоинқилобӣ // Садои Шарқ.-1973.-№4.-С.75-79.
  • Ахтари инқилоб (Матн): Осори баргузида.-Душанбе: Ирфон, 1974.-264с
  • Марши ҳуррият (Матн): Шеър // Шасти инқилоб.- Душанбе, 1977.-С.3-4.
  • Мактаби кўҳна ( Матн): Повест.- Душанбе: Маориф, 1978.-48с.
  • Суруди озодӣ= Марш свободы (Матн).- Душанбе: Ирфон, 1978.-40с
  • Ҳашт мактуб ( Матн): Ба шоир М.Раҳимӣ ва адабиётшинос А. Мирзоев // Садои Шарқ.-1978.-№1.-С.114-122.
  • Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абдулқосим Лоҳутӣ (Матн).-Душанбе: Дониш, 1978.82.
  • Садриддин Айнӣ ва инкишофи насри советии тоҷик (Матн).-Душанбе,1978.-20 с.
  • Гули сурх (Матн): Шеър //Наврўзӣ. – Душанбе, 1981.- С.127.
  • Ду ХХХ сол (Матн) // Наврўзӣ.- Душанбе, 1984.- С.38.
  • Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (Матн).- Душанбе: Ирфон, 1984- 432с.
  • Қаҳрамон Ленинград.-Суруди Зафар.- Қасидаи ҷанг ва зафар (Матн): Шеърҳо // Иди зафар.- Душанбе: Маориф , 1985.-С.9-12.
  • Модар – Ватан.- Шеързод (Матн): Очеркҳо // Сарбаландон.-Душанбе, 1985.-С.9-17.
  • Марги судхўр (Матн): Повест.- Душанбе: Ирфон, 1986.-160с.
  • Ёддоштҳо (Матн): Дар ду ҷилд. – Душанбе: Адиб, 1990.-352с.
  • Саҳаргоҳон (Матн): Ҳикоя.- Душанбе: Адиб, 1990.-10с
  • Зан парвардигори ишқу зебоӣ (Матн): Шеърҳо бахшида ба занон // Фирўза.-1990.-№3.-С.14.
  • Одина (Матн): Матни илмӣ бо тадқиқу тасҳеҳ ва тавзеҳоти А. Кўчаров.- Душанбе: Дониш, 1992.-204с.
  • Таҳзиб  - ус – сибён (Матн).- Душанбе: Маориф, 1994.-46с.
  • Зарурияти диния (Матн).-Душанбе: Диловар – ДДМТ, 2000.-225 с.

Асарҳои  илмии Садриддин Айнӣ.

  • Дар атрофии забони форсӣ ва тоҷикӣ (Матн) // Айнӣ, С. Куллиёт.- Ҷ.11.- Қ.2.- Душанбе, 1964.- С.350-355.
  • Сарфи наҳви забони тоҷикӣ (Матн) // Айнӣ, С. Куллиёт.-Душанбе, 1964.-Ҷ.11.- Кит.2 С.346-347.
  • Исъёни Муқаннаъ (Матн): Очерки таърихию тадқиқотӣ барои бачагони сини калони мактабӣ.- Душанбе: Ирфон, 1971.- 149 с.
  • Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалиқ.-Исъёни Муқаннаъ (Матн): Очеркҳои адабӣ- таърихӣ.- Душанбе: Маориф, 1978.-168 с.
  • Таърихи инқилоби Бухоро (Матн): Рисола.- Душанбе: Адиб, 1987.-240 с.
  • Ислом ва коммунизм (Матн): Шайх Бадриддин Самавӣ // Садои Шарқ.- 1990.- С.113-116.

Адабиёт дар бораи устод Садриддин  Айнӣ

  • Садриддин Айнӣ / 1878-1954/ (Матн): Маълумот дар бораи ҳаёт ва эҷодиёташ // Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик.- Сталинобод, 1957.- Қ.2.- С.5-84.
  • Маниёзов, А. Публисистика ва назми устод С. Айнӣ / 1918-1921/ (Матн).- Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1958.-151 с.
  • Маҳммадиев, М. С. Айнӣ ва забони адабии тоҷик (Матн) // Мактаби советӣ.- 1963.-№4.- С.58-64.
  • Деҳотӣ, А. Дар хизмати халқ монанди ў бошем.- Мураббии дўстдори авлоди наврас (Матн): С. Айнӣ // Деҳотӣ, А. Куллиёт.- Душанбе: Дониш, 1966.-Ҷ.1.- С.273-276.
  • Аминзода, М. Хотираи манн дар ҳаққи устод Айнӣ (Матн): Ҷашнномаи Айнӣ.- Душанбе: Дониш, 1966.- Ҷ.3.- С.164-164.
  • Деҳотӣ, А. Ҳикояҳои доир ба мулоқотҳои манн бо устод С. Айнӣ (Матн) // Деҳотӣ, А. Куллиёт.- Душанбе, 1966.-Ҷ.5.- С.281-293.
  • Деҳотӣ, А. Садриддин Айнӣ (Матн) // Деҳотӣ, А. Куллиёт.-Душанбе, 1966.- Ҷ.5.-С.258-263.
  • Саидова, И. Айнӣ-нависандаи бачагон (Матн) // Мақолаҳо оид ба адабиёти бачагона.- Душанбе, 1967.-С.142-190.
  • Маъсумӣ, Н. Рол ва мавқеи С.Айнӣ дар инкишофи забони адабии тоҷик баъд аз револютсияи октябр (Матн) // Масъумӣ, Н. Ҷаҳонӣ ва маҳорат. Душанбе, 1967.-С.230-267.
  • Савченко, В. Сарояндаи диёри маҳбуб (Матн): Филм дар бораи устод С. Айнӣ // Маориф ва маданият.-1968.-10 август.
  • Сайфуллоев, А. Сеҳри қалам (Матн): Ҷашнномаи Айнӣ// Садои Шарқ.- 1968.№10.С.100-107.
  • Турсунзода, М. Қуллиёт (Матн) / Иборат аз 6 ҷилд.- Душанбе, 1971.- Ҷ.2.- С.258.
  • Аминзода, М. Чанд хотирот дар бораи  С. Айнӣ (Матн) // Ҷашнномаи Айнӣ.- Душанбе: Дониш,  1971.- Ҷ.4.-С.340-342.
  • Муллоҷонова, З. Аз таърихи айнӣшиносӣ (Матн) // Садои Шарқ.-1971.№5.-С.125-134.
  • Миниёзов, А. Садриддин Айнӣ ва адабиёти рус (Матн) // Паёми бародарӣ: Маҷмўаи мақолаҳо оид ба робитаҳои адабии халқи тоҷик.- Душанбе, 1972.- С.34-42.
  • Комисаров, Б. Айнӣ ва мероси адабӣ (Матн) // Садои Шарқ.- 1973.- №2.-С.133-137.
  • Асозода, Х. Сароғози образи синфи коргар дар эҷодиёти С.Айнӣ (Матн) // Мақолаҳо доир ба забон ва адабиёти тоҷик.- Душанбе, 1974.- С.36-47.
  • Умарова, С. Дўстии ду устод (Матн): С. Айнӣ ва Лоҳутӣ // Занони Тоҷикистон.- 1974.-№2.-С.16-17.
  • Ҳалимов, С. Садриддин Айнӣ ва баъзе масъалаҳои инкишофи забони адабии тоҷик (Матн).- Душанбе: Ирфон, 1974.- 136 с.
  • Улуғзода, С. Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ (Матн): Қайдҳои сафар // Улуғзода, С. Мунтахабот / Иборат аз чор ҷилд.- Душанбе: Ирфон, 1975.-Ҷ.3.- С.93-113.
  • Сайфуллоев, А. Устод Айнӣ- нависандаи интернационалист (Матн) // Дўстии халқҳо – дўсти адабиётҳо.- Душанбе, 1975.- С.151- 170.
  • Сайфуллоев, А. Ҷарчии дўстӣ (Матн)  // Садои Шарқ.- 1975.-№8.- С.101-110.
  • Сабоҳӣ, Ҳ.  Таҷрибаи нахуст, вале умедбахш (Матн): Киностудияи «Тоҷикистон»-ро аз рўи асари «Ғуломон»-и С.Айнӣ ба навор гирифт // Маориф ва маданият. -1976.-3 апрел.
  • Бобоев, Ю. Дониш ва Айнӣ (Матн) // Аз таърихи афкори адабии халқи тоҷик: Маҷмўаи илмӣ.- Душанбе, 1977.- С.36-42.
  • Мирзоев, Ғ. Ба тарзи  проблемавӣ омўхтани тарҷумаи ҳоли С.Айнӣ (Матн) // Масъалаҳои назариявӣ ва амалии таълими забон ва адабиёти тоҷик.- Душанбе, 1977.- С.29-35.
  • Сайдалиев, Т. Омўхтани унсурҳои назарияи адабиёт вобаста ба эҷодиёти С.Айнӣ (Матн) // Масъалаҳои назариявӣ ва амалии таълими забон ва адабиёти тоҷик.- Душанбе, 1977.-С.85-88.
  • Табаров, С. Аввал чопи интиқодӣ, баъд луғат (Матн): Оид ба чопи академии интиқодии мероси бои адабӣ ва илмии С. Айнӣ // Садои Шарқ, 1977.-№8.- С.142-148.
  • Рауфов, Ҳ. С. Айнӣ ва инкишофи  лексикаи забони адабии тоҷик (Матн). – Душанбе: Дониш, 1978.- 46 с.
  • Набиев, А. Анъанаи тасвири психологӣ дар эҷодиёти устод Айнӣ ва насри таърихии муосири тоҷик (Матн) // Ахбороти АФРСС  Тоҷикистон; Шўъбаи фанҳои ҷамъиятӣ.- Душанбе, 1978.-№2.- С.66-73.
  • Сангинов, А. Осори устод Айнӣ – сарчашмаи луғатҳои забони адабии тоҷик (Матн) // Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон шўъбаи фанҳои ҷамъиятӣ, 1978.-№2.- С.41-49.
  • Икромӣ, Ҷ. Дарси устод (Матн): Хотираҳои нависанда дар бораи С. Айнӣ // Садои Шарқ.-1978.-№4.-С.81-92.
  • Садриддин Айнӣ /1878-1954/ (Матн) // Тазкираи адабиёти бачагон.- Душанбе, 1979.- Ҷ.1.-С.22-26.
  • Мирзозода, Х. Устод Айни ва маорифпарварони ибтидои асри ХХ (Матн) // Садои Шарқ.- 1980.-№4.-С.88-91.
  • Тилавов, Б. Айнӣ ва ҳикмати халқ (Матн): Панду ахлоқ дар асарҳои Айнӣ // Садои Шарқ.- 1981.-№4.- С.107-174.
  • Шукуров, М. Устод Айнӣ ва шаклҳои нави робитаи адабӣ (Матн) // Шукурова М. Пайванди замонҳо ва халқҳо.- Душанбе, 1982.-С.62-70.
  • Амирқулов, С. Мулоҳизаҳо доир ба афкори адабию эстетики устод Айнӣ (Матн) // Садои Шарқ.- 1982.- №4.-С.114-147.
  • Аҳрорӣ, Ҳ. Хотираи устод (Матн): Ёддоштҳо дар бораи  С. Айнӣ // Аҳрорӣ, Ҳ. Тўйхўрии мўйсафедон.- Душанбе, 1984.- С.63-73.
  • Маҳмадаминов, А. Принсипи интихоби порчаҳои адабӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ // Уфуқҳои илм.- Душанбе, 1984.-№3.- С.29-34.
  • Бақозода, Ҷ. Нависанда ва идеали замон (Матн).- Душанбе: Адиб, 1987.-256 с.
  • Мулло, А. Устоде, ки моро ба мо шиносонид (Матн): Ёде аз устод С.Айнӣ // Тоҷикистон.- 1999.-№4.-С.28.
  • Маҳмадаминов, А. Дар чорсўи таърих (Матн) // Садои Шарқ.-1987.-№4.-С.120-126.
  • Бобоев, Ю. Истеъдоди тавонои халқӣ (Матн): Оид ба фаъолияти романнависии устод Айнӣ // Бобоев, Ю. Эстетика ва қадамҳои насру назми тоҷик.- Душанбе, 1988.-С. 311- 368.
  • Ҳошим, Р. Солҳо ва саҳифаҳо (Матн): Мақолаҳо ва ёддоштҳо.- Душанбе: Адиб, 1988.- 320 с.
  • Маҳмадамин, А. Устод Айнӣ аввалин китобшиноси шўравии тоҷик (Матн) // Китоб ва эҳёи таммадуни Шарқ: Дирўз ва имрўз.-Душанбе, 1990.-С.94-97.
  • Мухтор, Ш., Бобоев, Д. Устод Айнӣ ва назми инқилобии Фронса (Матн) // Адаб.-1993.-№3-4.- С.33-35.
  • Анварӣ, С. Забони «Шоҳнома» аз диди устод Айнӣ (Матн) // Адаб.-1994.-№7-8.- С.23-24.
  • Маҳмадаминов, А. Гуфторе аз бобби худшиносӣ (Матн): Масъала оиди эҷодиёти С. Айнӣ // Адиб.- 1995.-№3.-С.5-6.
  • Аҳмадов, Б. Дар ситоиш нависанда (Матн): С.Айнӣ/ Ба муносибати 120-солагии зодрўзаш // Ҷумҳурият.-1998.- 1 май.
  • Мирсаидов, У. Нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (Матн) // Садои мардум.-1998.-11 март.
  • Муродӣ, М. Садриддин Айнӣ ва «Шўлаи инқилоб» (Матн): Ба истиқболи рўзи матбуоти тоҷик // Омўзгор.- 1999. – 18 март.
  • Имомов, М. Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ.- Душанбе: Матбуот, 2001.- 120 с.
  • Отахонова, Х. Симои Айнӣ дар осори Мирзо Турсунзода (Матн) // Маҷмўаи мақолаҳо.- Душанбе, 2002.- С.59-69.
  • Айнӣ, К. Китобе, ки ҳафтод сол зиндонӣ буд (Матн) // Адабиёт ва санъат.- 2003.-№4.- С.4-5.
  • Аслонов, Н. Шахсияти С. Айнӣ ва коргоҳи эҷодии ў (Матн).- Душанбе: Девиштич, 2003.- 48 с.
  • Асозода, Х. Устод Айнӣ дар шинохти С. Улуғзода (Матн).- Душанбе: Девиштич, 2004.- 92 с.
  • Асозода, Х. Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ (Матн).- Душанбе: Девиштич, 2004.-92 с.
  • Табаров, С. Романи «Ғуломон»-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ ( Матн).- Душанбе: Адиб, 2005.-240 с.
  • Аслонова, Н. Симои Садриддин Айнӣ дар насри муосири тоҷик (Матн).- Душанбе: Девиштич, 2006.- 135 с.
  • Ғаффоров, У. Нависандаи забардасти миллат ( Матн) // Ҷумҳурият.-2006.-19  апрел.
  • Қавми тоҷик ва рўзнома (Матн) // Миллат.-2007. 7 март.
  • Айнӣ, К. Келини устод Айнӣ будан масъулияти бузургест (Матн)// Зан ва мард.- 2007.-11 апрел.
  • Аслонов, М. Чӣ тавр Миризоми ўротеппагӣ С. Айниро аз марг наҷот дода буд (Матн) // Минбари халқ.-2007.-18 апрел.
  • Раҳмонов, Ш. Муаммои «Ёддоштҳо» (Матн): Асари Садриддин Айнӣ // Адабиёт ва санъат.- 2007.8 май.
  • Шукурзода, М. Тоҷикон дар масъири таърих (Матн): Ручўи муаллиф нисбати китоби устод С. Айнӣ « Намунаи адабиёти тоҷик» // Хирад.- 2007.- №1(1).- Октябр.
  • Асозода, Х. Устод Айнӣ аз худ ва миллат дифоъ мекард (Матн): Пажўҳиш // Адабиёт ва санъат.-2008.-10 апрел.

Таҳияи Фирўза Маҳмадҷонова 
Мутахассиси  Маркази 
такмили  ихтисос

kmt.tj

Айни, Садриддин - это... Что такое Айни, Садриддин?

Садридди́н Айни́ (тадж. Садриддин Айнӣ, настоящее имя Садридди́н Саи́д-Муродзо́да; 1878—1954) — таджикский советский писатель, общественный деятель и учёный. Лауреат Сталинской премии второй степени (1950).

Биография

Садриддин Айни родился 15 (27) апреля 1878 года в селе Сактари (ныне Гиждуванский район, Бухарская область Узбекистана)[1]. Айни учился в бухарских медресе, был близко знаком с видными бухарскими интеллектуалами: Садри Зиё, дамулла Икрамча и др.

Принимал участие в установлении Советской власти в Бухаре. В советское время занимался в основном литературной деятельностью. Составил впервые антологию таджикского национального творчества «Образцы таджикской литературы».

С 1951 года академик и первый президент Академии наук Таджикской ССР.[1] Депутат Верховного Совета СССР 3—4 созывов (с 1950 года).

Айни был в числе организаторов Самаркандского государственного университета в 1927 году, который тогда назывался академией.

Основные труды

Садриддин Айни кроме родного таджикского прекрасно знал узбекский язык и некоторые свои произведения писал на обоих языках. Он внес значительный вклад в литературу обоих народов.

Его основные труды: «Одина» (опубликован в 1924, «Дохунда» (опубликован в 1930), «Рабы» (1934), «Воспоминания» («Бухара») (1949—1954). Автор трудов по истории и литературе народов Средней Азии. Участник вскрытия гробницы Тамерлана 1941г .

Награды и премии

Память

  • Дом-музей Садриддина Айни в Соктари[2].
  • Мемориальный дом-музей Садриддина Айни в Самарканде[2].
  • В 1958 году была выпущена почтовая марка СССР, посвященная писателю.
  • Портрет Садриддина Айни изображен на купюре достоинством 5 сомони 1999 года (валюта Республики Таджикистан).
  • Бухарский областной узбекский театр музыкальной драмы и комедии имени С. Айни.

Примечания

  1. 1 2 Большая Российская энциклопедия: В 30 т. / Председатель науч.-ред. совета Ю. С. Осипов. Отв. ред С. Л. Кравец. Т. 1. А — Анкетирование. — М.: Большая Российская энциклопедия, 2005. — 766 с.: ил.: карт.
  2. 1 2 Культурные события

Литература

  • Писатели Таджикистана: (Декада таджикской литературы и искусства) / Автор-составитель М. Занд; Обложка художника М. И. Серебрянской; Союз писателей Таджикистана. — Сталинабад: Таджикгосиздат, 1957. — С. 5-10. — 88 с. — 5 000 экз. (обл.)
  • Акобиров Ю., Харисов Ш. Садриддин Айни. — М.: Молодая гвардия, 1968. — 144 с. — (Жизнь замечательных людей). — 100 000 экз. (в пер.)

Ссылки

dic.academic.ru

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

«Ёддоштҳо» — охирин асари калони нависанда аст, ки нотамом монда, фақат чор ҷилдаш навишта шудааст.
Қисми якуми он дар соли 1948 навишта шуда буд ва аввалин бор дар журнали «Шарқи Сурх», шумораҳои 8-9, 11-12 соли 1948 ва шумораҳои 1-4 соли 1949 чоп шудааст. Порчаҳои қисми дуюми асар дар ҳамон журнал соли 1949 (шумораҳои 7-8) дарҷ шудаанд. Ин ду қисм ба шакли китобҳои алоҳида дар соли 1949 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ табъ гардид. «Ёддоштҳо» аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои нависанда мебошад, ки қисми якум ва дуюми он ба бисёр забонҳои халқҳои СССР, инчунин дар чандин забони хориҷа тарҷима ва чоп шудааст.
Ду қисми аввал ба забони тоҷикӣ бори дуюм дар соли 1955 дар як ҷилд ва бо хати арабӣ дар соли 1958 дар ду ҷилд ба табъ расида буд. Нашриёти Давлатии Тоҷикистон ва Нашриёти «Советский писатель» (Москва) онро чандин бор ба забони русӣ хам нашр кардаанд.
Қисми сеюми «Ёддоштҳо» аввал дар журнали «Шарқи Сурх», соли 1949, № 11-12; соли 1950, № 2-5, 7-10 чоп шуда, дар соли 1950 ба шакли китоб нашр гардид. Қисми чорум дар журнали «Шарқи Сурх», соли 1953, № 1-2,4—5, соли 1954, № 6-9 чоп шуда, ба шакли китоби алоҳида ҳамагӣ 11 рӯз пеш аз вафоти нависанда ба чоп имзо шуда буд.
Қисми сеюм ва чоруми «Ёддоштҳо» боз дар соли 1955 дар як ҷилд табъ ёфт ва дар солҳои 1958-1959 чор китоби ин асар бо хати арабӣ ҳам баромад. Нашри пурраи «Ёддоштҳо»-ро ба забони русӣ дар соли 1960 ба унвони «Воспоминания» нашриёти Академияи Фанҳои СССР баровард, ки онро шарқшиносони маъруфи советӣ А. Розенфелд, А. А. Семёнов, Н. А. Кисляков ва А. Н. Болдирев тайёр кардаанд.
Тарҷимаи мухтасари чор қисми «Ёддоштҳо» ба забони русӣ бори охир бо унвони «Бухара» дар ҷилди сеюми чорҷилдаи асарҳои С. Айнӣ соли 1960 дар нашриёти «Известия» ба табъ расидааст.
«Ёддоштҳо» аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои нависанда мебошад, ки ба бисёр забонҳои СССР, инчунин дар чандин забони хориҷа чоп шудааст.
Дар вақти ба чоп тайёр кардани матни асар қайдҳои дар нашри якум кардаи муаллиф низ ба назар гирифта шуданд.

Як-ду сухан ба ҷои сарсухан

Аз бозе, ки ман ба даст қалам гирифта ба қатори нависандагони советӣ даромадаам, ният доштам, ки хотирот ва ёддоштҳои худро таҳрир намуда, ба хонандагон, хусусан ба бачагон ва ҷавонон, пешкаш намоям. Азбаски ёддоштҳоям ба бештарини роман, повест, очерк ва ҳикояҳои таърихиам ба сифати материалҳои асосӣ хизмат кардаанд, мумкин аст дар инҳо ҷоҳои фоидабарӣ барои ҷавонон бисёр ёфт шаванд. Чун ба фикри ман ёддоштнависӣ аз роман ва ҳикоя- нависӣ душвортар менамуд, ман ин корро ба бисёртар таҷриба пайдо кардани худ мавқуф гузошта будам. Зеро, чунон ки кас то зиндагонии гузаштаро покиза ба тарзи воқеӣ-реалӣ надонад, қимати зиндагонии имрӯза – зиндагонии советии сотсиалистиро ба хубӣ тасаввур карда наметавонад, инчунин то касе дар сохтмони советӣ-сотсиалистӣ, хусусан дар адабиёти вай дуруст таҷриба пайдо накунад ва ин сохти зиндагиро комилан аз худ нанамояд, зиндагонии гузашта – зиндагонии феодалиро пурра ва ба тарзи воқеӣ-реалӣ тасвир карда наметавонад.
Ин маълум аст, ки таҷрибаи ҳар кас дар ҳар кор дар охирҳои умраш ба камол мерасад ва ин ҳам маълум аст, ки ҳеҷ кас охири умри худро ба тарзи қатъӣ намедонад. Аммо аз он ҷо, ки умрам аз ҳафтод гузашта, рӯз то рӯз сустии аъзо зиёдтар гардида, қувваи кориам камтар шудан гирифт, ман тахмин кардам, ки вақти ба анҷом расонидани ин кор, ки назар ба дарёфти худам хеле муҳим буд, расидааст ва бинобар ин фурсати танги ин зиндагии боқимондаро ғанимат шумурда ба ин вазифа шурӯъ намудам.

Тартиби таҳрири ёддоштҳоям тахминан ба тарзи зерин мешавад: дар саҳро; дар шаҳр, ки вай ҳаёти мадрасаи кӯҳна, программаи дарсҳои вай, табақаҳои гуногуни аҳолии шаҳри Бухоро ва машғулоти онҳоро дар бар мегирад; рӯзҳои ҳаракат ба муқобили сохтмони амирӣ ва саргузаштҳои худ; муҳоҷират ба Самарқанд ва воқеаҳое, ки дар байни револютсияҳои феврал ва октябри соли 1917 ва дар рӯзҳои Октябр дар ин ҷо – дар Самарқанд рӯй додаанд, – инҳоянд программаи иҷмолии ёддоштҳои ман.

Садриддин Айнӣ

 

 

 

 

 

 

 

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

zarowadk.ru

Шеърхои шоир ва нависандаи точик Садриддин Айни – ALLINWEB.RU

Поделиться на

САДРИДДИН АЙНИ

САҲАРГОҲОН

Сахаргоҳон, ки булбул дар наво шуд,

Гул аз шоди шукуфту ғунча во шуд.

Шумо, эй булбулони боғи мактаб,

Саҳаргоҳон набояд хуфт ҳар шаб.

Шумо ҳам дар наво оед, бояд,

Ки то аз боғи маъни гул кушояд.

Саҳаргоҳон гулистони дабистон.

Тароватбахш бошад чун гулистон.

Чаро аз ин гулистон гул начинед?

Чаро дар кунчи бекорй нишинед?

Чй хуш гуфтаст як донои асрор,

Ба гуфтори хуши у гўш медор;

«Зи бекорон худо безор бошад,

Ба аҳли кор эзид ёр бошад».

Биёед, эй шарикон, даре хонем,

Ба бекорию нодони намонем.

Ба олам ҳар касе бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Наёбад роҳи дунёву дмёнат,

Набимад аз касе рўи иёнат.

Биёед, зй рафиқони маони,

Ба хам гардем чуёни маони.

Зи илму маърифат гар бахра ёбем,

Тавон бозуи нодонй битобем.

Вагар на ҷаҳл бар мо ҳамла орад,

Димор аз рўзгори мо барорад.

МАКТАБ

Аз файзи яздон хон аст мактаб,

Бар лаъли ирфон кон аст мактаб.

Бе чон ҷасадро қадре набошад,

Ҷисм  аст инсон, ҷон аст мактаб.

Аз мяктаб ояд осоиши дил,

Марғуби дилҳо з-он аст мактаб.

Бе мактабонро набвад ҳаёте,

Об аст мактаб, ном аст мактаб.

Саъд аст мактаб, хайр аст мактаб.

Азиз аст мактаб, шон аст мактаб.

Дар чашми биииш нур аст дониш,

Дар ҷисми дониш ҷон аст мактаб.

Дар моҳии ҷон об аст ирфон,

Дар мурғи ирфон дон аст мактаб.

МАКТАБ

Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,

Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.

Як нуқтаи мухтасар зи мактаб гўям:

Одам нашавад касе, магар зи мактаб.

БОЗ МАКТАБ

Рўи иродат матоб аз дари мактаб,

То ки шави комёб аз дари мактаб.

Тўшаи дину ҳам зарурати дунё

Рав ба суҳулат биёб аз дари мактаб.

Хонаи аҳлоки мо харобшуда, ҷўй

Тасфияи ин хароб аз дари мактаб.

Хастагии мо чунон ки ҳаёт надонад,

Он ки нахонд китоб аз дари мактаб.

Ташналаби то ба кай ба водии ғафлат,

Хез, биё, нўш об аз дари мактаб.

Чанд нишини ба эҳтиёҷу зарурат?

Гавҳари ноёб ёб аз дари мактаб.

То ки нагарди залил бар дари мардум,

Руи талаб барматоб аз дари мактаб.

Баччаи одам чаро зи илм гурезад?

Хон! Накуни иҷтиноб аз дари мактаб.

Хосса дар ин асри мо, ки баччаи хайвон

Ёфт ба илм интисоб аз дари мактаб.

Аз рахи ибрат нигар шуданд маҳзур

Хайли вуҳушу давоб аз дари мактаб.

Бо амалн кимиёву фанни саноат

Хок шавад мушки ноб аз дари мактаб.

Гашт сияҳ рўзи мо з-абри ҷаҳолат

Гў, ки расад офтоб аз дари мактаб.

МАСНАВИ ДАР ВАСФИ МАКТАБ

Эй монда қадам ба роҳи мактаб,

Олист мақому ҷоҳи мактаб.

Мактаб сабаби ҳаёт бошад,

Мактаб сабаби наҷот бошад.

Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад.

Мактаб ба ту шаҳду нўш бахшад.

Мактаб ба ту дод илму одоб,

Мактаб ба ту дод дурри ноёб.

Мактаб ба ту раҳбари яқин аст.

Мактаб устоди илму дин аст.

Бархезу гузор хоби худро,

Баргир ба каф китоби худро

Рав аз ҳама пештар ба мактаб,

Шавқ аст туро агар ба мактаб.

Саъе бинамову илму одоб

Беҳтар зи шарики хеш дарёб.

То дар ду ҷаҳон азиз боши,

Бо донишу ботамиз боши.

БАЙТ

Оқил он бошад, ки ў шокир бувад

В-он гаҳе бар нафси худ қоҳир бувад.

Ҳар ки хашми худ фурў хўрд, эй ҷавон,

Бошад ў аз ростагорони ҷаҳон.

БАЙТ

Он бошад аблаҳтарини мардумон,

К-аз паи нафсу ҳаво бошад давон.

МАСНАВИ

Ҳар кас ки назарбаланд аст,

Фархундаву арҷуманд бошад.

Ҳар кас ки ба чизи кас назар надўхт,

Хоҳи, ки шави азиз, эй ҷон,

Бахшою бидеҳ, магиру мастон.

Бахшой, на ба тариқи исроф.

Мақсуду савоб дору не лоф.

БАЙТ

Вазид аз бўстон боди баҳорон,

Расид овози хуш аз обшорон,

Замини боғ шуд чун сабза дебо,

Чу бар сабза расида оби борон.

Хуш он кас к-ў дар ин фаслу дар ин аҳд,

Равад дар бўстон бо дўстдорон.

Кунад такрори дарси хеш аз саъй,

Ба пои сарву тарфи ҷўйборон.

Худовандо, илоҳо, кирдугоро !

Диҳи илму амал бо ҷумла ёрон.

БАЙТ

Омад баҳороу омад шоди дили ҳазинро,

Дебои сабз густарад сабза ҳама заминро.

Бингар ба лолав гул, навои булбул,

Бе ихтиёр гўи бар эзид офаринро.

Бигзар бар тарафи гулшан, бингар ба сарву савсан,

К-аз тарҳи хубу аҳсан мансух карда чинро.

Хуррам дили касоне дар дар инчунин замоне

Созанд хуш баёне дарси улуму динро.

ЗАМИНРО БОЯД НАФУРЎШЕД !

Эй қуввати ҷисму қути ҷонам,

Осоиши ҷони нотавонам.

Бишнав зи ман ин хуҷаста гуфтор:

Мафрўш замини хеш зинҳор.

Мафрўш замин, ки гавҳар аст ин,

Гавҳар чи? Шафиқ модар аст ин.

Ин хоки сияҳ, ки мушк без аст,

Мафрўш, ки модари азиз аст.

Чун модари мехрубони чони

Парварда туро ба меҳрубони.

Кас модари мехрубон фурўшад?!

Аблаҳ бошад, ки он фурўшад.

Ин хоки сияҳ ба ин сиёхи

Бахшад ба ту неъмати илоҳи!

Ҳар чиз хўриву ҳар чи нуши,

Ҳар ҷой нишаста, ҳар чи пўши,

Рўяд зи замини хокпайкар,

Аз марҳамати худои акбар.

Мафрўш замин, ки хор гарди,

Берўзиву беқарор гарди.

Як парча замин, ки киштзор аст,

Бар тарзи маишатат мадор аст.

На ош хўрад, на нон, на мева.

Бахшад ба ту ошу нону мева.

Ҳар тухм ба киштзор кори,

Даҳ мерўяд ба лутф боои.

Боғи ту ки пур з-ангубин аст,

Хуррам ҷоесту дилнишин аст.

Ҳам себ диҳад туро, ҳам олу,

Шафтолуву ноку олуболу.

Ангур, к-ин қадар лазиз аст,

Аз боғи ту муфт раест чиз аст.

Боғ аз чи сабаб ба зар агар фурўши?

Зар муфт равад фуруши.

Ҳам боғ равад зи даст, ҳам зар,

Мони ба ҷаҳон харобу абтар.

Зар чамъ куну замин ба даст ор,

Мекор замин, кн зар диҳад бор.

Бо зар ту гар эҳтиёҷ дори,

Гандум мекор то зар ори.

Зинҳор замину боғ мафрўш!

Ин панди накў бигир дар гўш.

Устоди бузург Ғаспарони,

Бодо ба биҳишт ҷовидони,

Ин панди накўи ки нағз бингошт,

Бар мову ту ёдгор бигзошт.

ЗАМЗАМАИ ДАБИСТОН

Мавсими барфу фасли зимистон

Боғ дигар шуду саҳни дабистон.

Илму маориф, суриву савсан,

Толиби ирфон, булбули дастон.

Хома ба ҷавлон – сарви хиромон,

Сафҳаи коғаз – саҳнаи бўстон.

Ранги сиёхи – дофеи зулмат,

Хориқаи  бас булачаб аст он.

Зарфи мураккаб – ҳавзи мусаффо,

Ҷадвали дафтан – ҷўи гулистон,

Машъали ирфон – меҳри дурахшон,

Партави дониш – шамъи шабистон,

Парчаи коғаз ё чаман аст ин,

Сафҳаи дафтар ё чаман аст он.

Гўши итоат – ғунчаи дониш

Сўи муаллим дар деҳу бўстон.

Замзамаи мо – нағмаи мактаб,

Бадрақаи мо – илмпарастон.

Гуфтаи Аайни гар бипазнри,

Хезу равон шав сўи дабистон.

КАСИДАИ ФОРСИ

Бодо санои беҳад он раббиоламинро,

Ин гуна кард одам аз лутф моеу тинро.

Бодо дуруд ҳар дам бар он расули акрам,

К-аз шаръ дод барҳам аз хзлқ, куфру кинро.

Бодо ҳазор раҳмат бар соҳибони ҳазрат,

Ҳар як шуда ба уммат ҳоди раҳи яқинро.

Ё раб, бубахш бар мо иззат ба дину дунё,

Гардем  аҳли тақви, донем роҳи динро.

Оед, эй рафиқон, дар мактаб аз дилу ҷон,

Таҳсили илму ирфон фарз аст муслиминро.

Таматул – китоб биъавним маликул ваҳҳоб

7 Загрузки

allinweb.ru

САДРИДДИН АЙНИ - Забон ва Адабиёт -

Садриддин Айни (1878-1954)

Асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қахрамони Тоҷикистон Садриддин Айни 15-апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Гиждувон, вилояти Бухоро ба дунё омадааст.
Падари устод Саидмуродхоҷа, ки соҳиби хату савод буд, яке аз одамони болаёқат ва зарофатманди қишлоқ ба ҳисоб мерафт. Саидмуродхоча ҳамеша кӯшиш мекард, ки донишу таҷрибаи ҳаётиашро ба писаронаш омӯзонад.
Садриддин дар шашсолагиаш ба мактаб меравад. Усули таълиму тарбияи он мактаб ақалан барои ёд гирифтани алифбо имконият надодааст, ки дар повести &laquoМактаби кӯҳна&raquo нависанда онро тасвир мекунад.
&laquoЧунон ки падарам дид, — менависад С. Айни дар &laquoЁддоштҳо&raquo,- дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод&raquo. Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолаги мактабро хатм мекунад.
Бачагии Садриддин дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофии онро фаро гирифт, дар байни чиҳил рӯз уро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.
Орзую ҳаваси илму шеър Айнии 12-соларо ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айни барин камбағалбачагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасманди ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айни дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек. Ҳоҷи Зоҳид ва Кӯкалтош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.
Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айни боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз хеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд.
Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт.
Аз соли 1896 Садриддин бо тахаллуси адабии &laquoАйни&raquo ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст.
Назари устод Айни пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш &laquoНаводирулвакоеъ&raquo нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эъҷодиёти идеяҳои пешкадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. &laquoТахзибуссибён&raquo- ро устод Айни маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар руҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони мактабҳои нав офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъкул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва уро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин ба Самарканд кӯчида меояд. Ӯ чи дар Самарканд ва чи дар Тошкент дар корҳои кумитаи револютсиони иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои чанги менависад, таргиботу ташвикот мебарад.
Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шӯравӣ ба Айни пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда — Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. &laquoМарсия&raquo — и ҷонгудози Айни ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Муҳиддинхоҷаро низ катл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айни тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихи ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амири таърихан қонунист.
Ҳамин тавр бо ғалабаи Инқилоби Октябр нависанда аз нав ҷавон шуд. Истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айни ба дараҷае тараққи кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эъҷод намудааст. Барои хизматҳои адаби ва ҷамъиятиаш Айни бо се ордени Ленин, ду &laquoБайрақи сурхи меҳнат&raquo ва медалу грамотаҳо мукофотонида шудаааст.
Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори фанҳои филологи бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи фанҳои РСС ӯзбакистон такдир карда шуда буд. Айни академики Академияи Тоҷикистон таъин гардида буд, ӯ нахустпрезиденти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 1958 инчониб ҳар сол дар рӯзи таваллуди нависанда маҷлиси илмии &laquoСолонаи Айни&raquo барпо шуда, материалҳои он дар мачмуаи махсуси &laquoҶашнномаи Айни&raquo нашр мегарданд. Бисёр деҳаву ноҳияҳо, кучаю хиёбонҳо, мактабҳо номи ӯро гирифтанд.
Бо фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон 8-уми сентябри соли 1997 ба устод Айни Унвони &laquo Каҳрамони Тоҷикистон&raquo дода шуд.
Устод Садриддин Айни соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло макбараи Устод Айни дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Он ҷоро ҳозир боғи Айни мегӯянд.

Бузурги ва қувваи эъҷодиёти С.Айни.
Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Айни аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғани гардонидааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик ба номи ӯ сахт вобаста аст. Барои Айни ҳамчун барои тамоми сухансароён ҳақиқати воқеъи сарчашмаи асосии эъҷоди буд. Ба фарроши чашмгуруснаи дирӯзаи мадраса, ки бо як бурида нон қаноат карда, дониш андӯхтааст, моҳияти тагиротҳои зиндаги на якбора равшан гардидааст.
Роҳи Айни бо сӯи комёбиҳои адабиёт аз зиндони амири Бухоро мегузарад. Нависанда ба гузаштаи таърихии халқи хеш рӯ меорад, то аз қуллаҳои музаффариятҳо дигаргуниҳои бузургро равшантар бубинад. Дар солҳои гуногун паси ҳам асарҳои ӯ, ки бо ҳаёти воқеи сахт алоқаманд буданд, хонандагони бешумореро пайдо намудаанд.
Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарси буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардиданд.
Повесту романҳои нависанда: &laquoЧаллодони Бухоро&raquo, &laquoОдина&raquo, &laquoЯтим&raquo, &laquoДохунда&raquo, &laquoҒуломон&raquo, &laquoЁддоштҳо&raquo, &laquoАхтари Инқилоб&raquo, &laquoТахзибуссибён&raquo аз ҳаёти халқи аъзиятдида нақл мекунанд.
Нахустин шеъри инқилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айни эълон гардидааст, ин &laquoМарсия&raquo — и ӯст. Ин асар ба муносибати фоҷиаи кушта шудани бародараш Сирочиддин бахшида шуда буд:
Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
&hellipҶигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!

&hellipХоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сиях яксон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

Шеърҳои ба мактабу илмҷӯи бахшидаи Айни бо забони соддаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои &laquoЗамзамаи дабистон&raquo, &laquoСуруди мактаб&raquo, &laquoСаҳаргоҳон&raquo ва ғайра боварибахш ва самимона эъҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

&hellip Биёед эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодони намонем,
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Нахустин асари калони насрии Айни повести &laquoҶаллодони Бухоро&raquo дар соли 1920 эъҷод шудааст. Дар ин асар нависанда як қатор эпизодҳо, рафтору кирдори пурдаҳшати амир, ваҳшоният, фитнагари ва маккории амалдорони ӯро дар ҳикоя ва сухбатҳои байниякдигарии персонажҳои гуногун кушодааст.
Повести &laquoОдина&raquo, &laquoГуломон&raquo, &laquoДохунда&raquo дар таърихи адабиёти советии тоҷик ҳамчун эпопеяи (ҷангномаи) сегона таълиф шудааст.
Устод Айни, ки бештар ба мавзӯъҳои таърихи муроҷиат мекард, орзу дошт дар асари мустақиле ба мавзӯи вокеаҳои замони баъди револютсия ҳам рӯ орад. Бо ин максад ӯ повести &laquoЯтим&raquo-ро (1940) ба 10-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бахшида буд. Мавзӯи асар аз воқеаҳои солҳои аввали баъди Револютсияи Халқии Бухоро шурӯъ мешавад: табақаи доро бо сохти нави Шӯравӣ созиш накарда, на фақат худ бо молу давлаташ ба хориҷа ҳичрат мекард, инчунин зердастону хизматгоронашро бо фиребу найранг ба роҳи ғалат андохта низ бо худ мебурд.

Мероси илми ва адабии устод

Садриддин Айни ба эъҷоди асарҳои илми ҳанӯз дар ибтидои асри XX шурӯъ карда буд. Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарсӣ буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардидаанд. Яке аз онҳо &laquoТахзибуссибён&raquo аст, ки устод аз нигоҳи нав барои толибилмони хурдсол онро иншо кард. Дар китоб дар баробари додани қоидаҳои забон ҳикояҳои хурди пандомез, ки бештари онҳо эъҷоди худи муаллиф буданд, дохил гардидаанд.
Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Устод ба муқобили ин чараёни носолими пантуркизм бархоста, китоби &laquoНамунаи адабиёти тоҷик&raquo- ро соли 1926 иншо намуд. Устод дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннахру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эъҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ, Кисоии Марвази, Абухафси Суғди ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тарик, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғани доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслихатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам &laquoНамунаи адабиёти тоҷик&raquo басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.
Пас аз ин устод Айни дар бораи симоҳои барҷастаи фарҳангӣ ва адабии тоҷик ба навиштани асарҳои илмию тадқиқоти мепардозад Соли 1934 асари пурарзиши худ дар бораи Фирдавсӣ ва &laquoШохнома&raquo- и ӯро ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои &laquoШайхураис Абуалии Сино&raquo, &laquoШайх Муслихиддин Саъдии Шерозӣ&raquo, &laquoУстод Рӯдакӣ&raquo, &laquoКамоли Хуҷанди&raquo, &laquoАлишер Навоӣ&raquo, &laquoЗайниддин Маҳмуди Восифӣ&raquo ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эъҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлони доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эъҷодии Абулқосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони Шӯравиву хориҷи фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавҷуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро хамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд.
Аз ин ҷихат хизмати устод Айни, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши мухаққиқонро муйян намуд.
Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлони ранҷ кашида, аз наҳли куҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажуҳишгарон аз бӯи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

Ин боғ зи наҳли кӯхан оростаам,
В-он наҳл ба теғи хона пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

Асосан устод бо шеъри &laquoГули сурх&raquo, ки соли 1895 бо тахаллуси Айни эъҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоири ворид гардид. Таърихи эъҷоди шеъри мазкур ҳам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши &laquoГули сурх&raquo дар банди охири он аз муфлиси, нодорами ва қашшоқии хеш дарду аламашро изхор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам
Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам

Устод Айни пас аз Инқилоби Октябр роҳбару сарвари адибони тоҷик гашт ва худ ашъори рангин иншо кард. Аммо дар тӯли солҳо мазмуну мундариҷаи идеявии ашъори адиб комилан тағйир ёфт. Акнун ба мавзӯъҳои талаботи рӯз даст зада, дар бораи инқилобу озодии мардуми заҳматкаш сухан меронад. Шеърҳои &laquoМарши ҳуррият&raquo, &laquoБа шарафи инқилоби октябр&raquo, &laquoЯкуми май&raquo ва ғайраҳо эъҷод намуд. Инчунин дар ашъораш мавзӯъҳои байналмилаллии дӯстиву рафоқати меҳнаткашони дуне меҳнати софдилонаи мардуми тоҷик мавкеи асосӣ дошт. Соли 1923 дар Тошканд мачмуаи ашъори устод бо номи дар &laquoАхтари Инқилоб&raquo аз чоп баромад.
Вале устод Айни эхсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба душ дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша гуфстариши ходисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маъни устод чунин ибрози назар кардааст:

Айни, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард
Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.

Баъдтар асарҳои устод Айни пайдарҳам ба табъ расида, дастраси хонандагон мегарданд. Устод соли 1927- 1929 романи &laquoДохунда&raquo-ро навишта ба охир мерасонад. Романи &laquoҒуломон&raquo- ро низ дар байни солҳои 1932 &ndash 1935 навишта онро ба забони ӯзбаки бармегардонад. Ва онҳо дар солҳо 1934 ва 1935 чоп шуда дастраси хонандагон мегарданд.
Устод байни солҳои 1936 — 1940 повести &laquoМарги судхур&raquo, &laquoЯтим&raquo, &laquoЛуғати нимтафсили забони адабии тоҷик&raquo &laquoШомили 15 хазор калима хаст&raquo, &laquoМактаби кӯҳна&raquo ва боз бисёр асарҳои дигарро офарид. Садриддин Айни дар давраи ҶБВ бештар асарҳои публисисти иншо кард. &laquoЧингизи асри XX&raquo, &laquoДеви ҳафтсар&raquo, &laquoХари бедум&raquo, &laquoШероз&raquo, &laquoТалвосаи ҷонкании дарандаи захмдор&raquo, &laquoМодар — Ватан&raquo ва ғайра, ки дар маҷаллаю рӯзномаҳои давр ба табъ расида буданд, рӯҳияи ватандустӣ ва дустии байни халкҳоро тақвият мебахшиданд. Ҷавононро алайҳи душман &ndash фашизм ба мубориза мехезониданд.
Повести &laquoЯтим&raquo ба яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯз- ватандустӣ, садоқат нисбати Ватан бахшида шудааст. Устод дар асари худ рӯзгори дардомези як ҷавони камбағал &ndash Шоди Мурод (Ятим)-ро ба қалам додаст.
Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, &laquoЁддоштҳо&raquo мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лаурети мукофоти давлати гардид. &laquoЁддоштҳо&raquo аз чаҳор ҷилд иборат буда, рӯзнигори якдавраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қахрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои солҳои 80 то ғалабаи инқилоби, ки устод Айни яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик хамчун асари ёддошти ёд шудааст. Дар дохили &laquoЁддоштҳо&raquo бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин ру &laquoЁддоштҳо&raquo-ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод.
Ҳамин тавр, устод Айни асосан аз &laquoБадое-ул-вакоеъ&raquo-и Восифӣ илҳом гирифта, эъҷодкорона аз он истифода бурда, шоҳасари бузург &laquoЁддоштҳо&raquo-ро офарид, ки он ба аксарияти забонҳои дунё тарҷума шудааст.
Осори бузурги Садриддин Айни, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷахони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён ҳаст ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд.
Имрӯзҳо дар хама ҷо номи Айниро вомехурем. Дар худи шаҳри Душанбе муҷассамаи ӯ гузошта шудааст, ба номи ӯ театри опера ва балет инчунин кучаю хиёбон ва боғ гузошта шудааст. Дар вилояти Суғд ба номи ӯ ноҳия гузошта шудааст, ки як вактҳо худи ӯ дар он чо зиндагӣ карда буд. Дар Кӯлоб низ ӯро ҳама медонад ва меҳнаташро қадр мекунанд. Яке аз калонтарин китобхонаи ш. Кулоб ва инчунин хиёбон ва куча низ ба номи Айни гузошта шудааст. Мо хеҷ гоҳ қаҳрамони Тоҷикистон С. Айниро фаромуш намекунем ва нахоҳем кард.
Устод Айни таърихдон, забоншинос, луғатдон, мураббӣ ва омӯзгор, марди пуркору меҳнатдӯст буд. Ҳар гоҳ, ки шахс бо муҳаббат ба чини пешонии устод назар андозад, ба хотираш мавҷҳои дарёҳои бузург ва рудҳои шӯх меоянд. Он мавҷҳо ҳам васеъ, ҳам амиқ, ҳам мусаффо менамоянд. Он мавҷҳо аз меҳнати чандинсолаи ин адиби бузург шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, асарҳои эъҷодкардаи устод оинаи дили халқи мо шудаанд. Онҳо орзу, умед ва муборизаҳои халқи моро инъикос мекунанд.

Хазорон хамчу булбул дар бахоре мешавад пайдо,
Навосанче чу ту дар рӯзгоре кай шавад пайдо?

7tutor.ru

Суханронии Устод Садриддин Айнӣ дар соли 1953 — сабти овозӣ

Фарҳанг

Гирифтани линки кӯтоҳ

130960

Дар фиттаи куҳнае, ки дар соли 1953 сабт шудааст, охирон суханронии устод Садриддин Айнӣ бо забонии адабии он замон мебошад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik, Лев Рижков. Сабти нодиреро, ки дар он садои сардафтари адабиёти советии тоҷик, устод Садриддин Айнӣ сабт шудааст, аз ҷониби мусиқинавоз, мусиқидӯст, роҳбари рок-клуби Душанбе Ҷек Рок рақамгузорӣ шудааст. Ин сабт бдар соли 1953 рақамгузорӣ карда шудааст.

Ин охирон сабти овозии Садриддин Айнӣ мебошад ва баъди чанде дар соли 1954 устод аз олам даргузашт.

Хабарнигори Sputnik маълум кард, ки чигуна сабти овозии устод Айнӣ дастрасӣ ҳаводорон гаштааст.

Овози Садриддин Айнӣ аз солҳои 50-уми асри гузашта

© Sputnik

Обложка виниловой пластинки с записью Садриддина Айни

Пайдошавии сабти устод Садриддин Айнӣ бо он алоқаманд аст, ки ба дасти колексионнери фиттаҳои виниловӣ аз Санкт-Петербург, Юрий Виноградов якчанд сабти мардуми тоҷик, ки дар фиттаҳои даврони шӯрави нигоҳдорӣ мешудаанд, расид.

“Юрий бо ман дар алоқа шуда, хоҳиш кард, ки аз маълумотҳои зерин дидан кунам ва сифати сабти овозиашонро баҳо диҳам, - гуфт Ҷек Рок. Дар ин колексияҳо якчанд чизҳои нодир пайдо шуд. Аз ҷумла фиттаи сабти овозии Садриддин Айнӣ пайдо шуд. Ин он қадар нодир буд, ки ҳатто дар рӯйхати сабтҳои нодир ҷой надошт. Вақте, ки хостам дар ин бора дар интернет маълумоте пайдо кунам чизе пайдо накардам”.

© Sputnik

Виниловая пластинка с записью Садриддина Айни

Фиттаи ёфтшуда яктарафа мебошад, ки онҳо хеле кам во мехӯранд. Сабтҳо каме зиёдтар аз 5 дақиқа мебошанд.

“Ман бисёр хурсанд будам аз пайдо кардани ин мавод, - мегуяд Ҷек. Аммо бештар аз он дар ҳайрат будам, ки ин мавод дар заводи Апрелии вилояти Маскав сабт шуда буд, на аз ҷониби заводи грампластинкаи Тошканд ба номи Тошмуҳаммадов. Сабт дар соли 1953 омода шудааст. Заводи ба номи Тошмуҳаммадов то ин замон алакай 8 сол инҷониб фаъолият дошт”.

Ҳолати футта ба гуфтаи Ҷек хуб буд, ки ин ҳам кам ба назар мерасад.

Забони зебо ва ҷазоби устод Айнӣ 

© Sputnik

Обложка виниловой пластинки с записью Садриддина Айни

“Садриддин Айнӣ, махсусан он шахсиятест, ки дар аввали асри ХХ меъёрҳои забони адабии миллати тоҷикро ба танзим дароварда буд, - мегуяд ин марди мусиқинавоз. Метавон ба он гӯш андохт, ки забони тоҷикӣ дар солҳои 50-уми асри ХХ чи гуна садо медод. Тайи 65 сол инҷониб баъди ин сабт забони тоҷикӣ тағйир ёфтааст. Бисёр шеваҳои гуногун ва калимаҳои нав пайдо шудаанд, аммо забони устод Айнӣ ҷаззоб аст”.

Айнӣ барои миллати тоҷик як шахсияти такрорнашаванда ба ҳисоб меравад. Айнӣ дар ин сатрҳо низ ба сӯи миллати тоҷик муроҷиат карда сухан меронад.

“Ман фикр мекунам, ки чӣ ба ҷавонон ва чӣ ба шахсони калонсоле, ки эҷодиёти Айниро хондаанд писанд аст шунидани суханронӣ ва фикрронии  худи Айнӣ, мегуяд Ҷек Рок. Онҳое, ки ашъори ӯро нахондаанд ва хонданро дӯст намедоранд, онҳо низ албатта мехоҳанд шунаванд, ки забони адабии тоҷик дар он даврон чӣ гуна садо медод”.

sputnik-tj.com

Садриддин Айни (1878-1954) – ALLINWEB.RU

Поделиться на

Садриддин Айни (1878-1954)

Асосгузори адабиёти  муосири тоҷик ва Қахрамони Тоҷикистон Садриддин Айни 15-апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Гиждувон, вилояти Бухоро ба дунё омадааст.
Падари устод  Саидмуродхоҷа, ки соҳиби хату савод буд, яке аз одамони болаёқат ва зарофатманди қишлоқ ба ҳисоб мерафт. Саидмуродхоча ҳамеша кӯшиш мекард, ки донишу таҷрибаи ҳаётиашро ба писаронаш омӯзонад.
Садриддин дар шашсолагиаш ба мактаб меравад. Усули таълиму тарбияи он мактаб ақалан барои ёд гирифтани алифбо имконият надодааст, ки дар повести «Мактаби кӯҳна» нависанда онро тасвир мекунад.
«Чунон ки падарам дид, – менависад С. Айни дар «Ёддоштҳо»,- дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолаги мактабро хатм мекунад.
Бачагии Садриддин дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофии онро фаро гирифт, дар байни чиҳил рӯз уро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.
Орзую ҳаваси илму шеър Айнии 12-соларо ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айни барин камбағалбачагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасманди ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айни дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек. Ҳоҷи Зоҳид ва Кӯкалтош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.
Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айни боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз хеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд.
Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт.
Аз соли 1896 Садриддин бо тахаллуси адабии «Айни» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст.
Назари устод Айни пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводирулвакоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда  дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эъҷодиёти идеяҳои пешкадами маорифпарварон  Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Тахзибуссибён»- ро устод Айни маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар руҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони мактабҳои нав офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъкул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва уро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин ба Самарканд кӯчида меояд.  Ӯ чи дар Самарканд ва чи дар Тошкент дар корҳои кумитаи револютсиони иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои чанги менависад, таргиботу ташвикот мебарад.
Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шӯравӣ ба Айни пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда – Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» – и ҷонгудози Айни ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Муҳиддинхоҷаро низ катл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айни тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихи ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амири таърихан қонунист.
Ҳамин тавр бо ғалабаи Инқилоби Октябр  нависанда аз нав ҷавон шуд. Истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айни ба дараҷае тараққи кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эъҷод намудааст. Барои хизматҳои адаби ва ҷамъиятиаш Айни бо се ордени Ленин, ду «Байрақи сурхи меҳнат» ва медалу грамотаҳо мукофотонида шудаааст.
Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори фанҳои филологи бахшида шуда, бо унвони академики  фахрии Академияи фанҳои РСС ӯзбакистон такдир карда шуда буд. Айни академики Академияи Тоҷикистон таъин гардида буд, ӯ нахустпрезиденти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 1958 инчониб ҳар сол дар рӯзи таваллуди нависанда  маҷлиси илмии «Солонаи Айни» барпо шуда, материалҳои он дар мачмуаи махсуси «Ҷашнномаи Айни» нашр мегарданд. Бисёр деҳаву ноҳияҳо, кучаю хиёбонҳо, мактабҳо номи ӯро гирифтанд.
Бо фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон 8-уми сентябри соли 1997 ба устод Айни Унвони « Каҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Устод Садриддин Айни  соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло макбараи  Устод Айни дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Он ҷоро  ҳозир боғи Айни мегӯянд.

Бузурги ва қувваи эъҷодиёти С.Айни.

Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Айни аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғани гардонидааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик ба номи ӯ сахт вобаста аст. Барои Айни ҳамчун барои тамоми сухансароён ҳақиқати воқеъи сарчашмаи асосии эъҷоди буд. Ба фарроши чашмгуруснаи дирӯзаи мадраса, ки бо як бурида нон қаноат карда, дониш андӯхтааст, моҳияти тагиротҳои зиндаги на якбора равшан гардидааст.
Роҳи Айни бо сӯи комёбиҳои адабиёт аз зиндони амири Бухоро мегузарад. Нависанда ба гузаштаи таърихии халқи хеш рӯ меорад, то аз қуллаҳои музаффариятҳо дигаргуниҳои бузургро равшантар бубинад. Дар солҳои гуногун паси ҳам асарҳои ӯ, ки бо ҳаёти воқеи сахт алоқаманд буданд, хонандагони бешумореро пайдо намудаанд.
Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарси буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардиданд.
Повесту романҳои нависанда:  «Чаллодони Бухоро», «Одина», «Ятим», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо», «Ахтари Инқилоб», «Тахзибуссибён» аз ҳаёти халқи аъзиятдида нақл мекунанд.
Нахустин шеъри инқилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айни эълон гардидааст, ин «Марсия» – и ӯст. Ин асар ба муносибати фоҷиаи кушта шудани бародараш Сирочиддин бахшида шуда буд:
Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
…Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!

…Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сиях яксон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

Шеърҳои ба мактабу илмҷӯи бахшидаи Айни бо забони соддаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои «Замзамаи дабистон», «Суруди мактаб», «Саҳаргоҳон» ва ғайра боварибахш ва самимона эъҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

… Биёед эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодони намонем,
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Нахустин асари калони насрии Айни повести «Ҷаллодони Бухоро» дар соли 1920 эъҷод шудааст. Дар ин асар нависанда як қатор эпизодҳо, рафтору кирдори пурдаҳшати амир, ваҳшоният, фитнагари ва маккории амалдорони ӯро дар ҳикоя ва сухбатҳои байниякдигарии персонажҳои гуногун кушодааст.
Повести «Одина», «Гуломон», «Дохунда» дар таърихи адабиёти советии тоҷик ҳамчун эпопеяи (ҷангномаи) сегона таълиф шудааст.
Устод Айни, ки бештар ба мавзӯъҳои таърихи муроҷиат мекард, орзу дошт дар асари мустақиле ба мавзӯи вокеаҳои замони баъди револютсия ҳам  рӯ орад. Бо ин максад ӯ повести «Ятим»-ро (1940) ба 10-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бахшида буд. Мавзӯи асар аз воқеаҳои солҳои аввали баъди Револютсияи Халқии Бухоро шурӯъ мешавад: табақаи доро бо сохти нави Шӯравӣ созиш накарда, на фақат худ бо молу давлаташ ба хориҷа ҳичрат мекард, инчунин зердастону хизматгоронашро бо фиребу найранг ба роҳи ғалат андохта низ бо худ мебурд.

Мероси илми ва адабии устод

Садриддин Айни ба эъҷоди асарҳои илми ҳанӯз дар ибтидои асри XX шурӯъ карда буд. Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарсӣ буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардидаанд. Яке аз онҳо «Тахзибуссибён» аст, ки устод аз нигоҳи нав барои толибилмони хурдсол онро иншо кард. Дар китоб дар баробари додани қоидаҳои забон ҳикояҳои хурди пандомез, ки бештари онҳо эъҷоди худи муаллиф буданд, дохил гардидаанд.
Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Устод ба муқобили ин чараёни носолими пантуркизм бархоста, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»- ро соли 1926 иншо намуд. Устод дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннахру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эъҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ, Кисоии Марвази, Абухафси Суғди ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тарик, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғани доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслихатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.
Пас аз ин устод Айни дар бораи симоҳои барҷастаи фарҳангӣ ва адабии тоҷик ба навиштани асарҳои илмию тадқиқоти мепардозад Соли 1934 асари пурарзиши худ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шохнома»- и ӯро ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхураис Абуалии Сино», «Шайх Муслихиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Камоли Хуҷанди», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эъҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлони доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эъҷодии Абулқосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони Шӯравиву хориҷи фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавҷуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро хамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд.
Аз ин ҷихат хизмати устод Айни, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши мухаққиқонро муйян намуд.
Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлони ранҷ кашида, аз наҳли куҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажуҳишгарон аз бӯи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

Ин боғ зи наҳли кӯхан оростаам,
В-он наҳл ба теғи хона пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

Асосан устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айни эъҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоири ворид гардид. Таърихи эъҷоди шеъри мазкур ҳам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлиси, нодорами ва қашшоқии хеш дарду аламашро изхор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам
Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам

Устод Айни пас аз Инқилоби Октябр роҳбару сарвари адибони тоҷик гашт ва худ ашъори рангин иншо кард. Аммо дар тӯли солҳо мазмуну мундариҷаи идеявии ашъори адиб комилан тағйир ёфт. Акнун ба мавзӯъҳои талаботи рӯз даст зада, дар бораи инқилобу озодии мардуми заҳматкаш сухан меронад. Шеърҳои «Марши ҳуррият», «Ба шарафи инқилоби октябр», «Якуми май» ва ғайраҳо эъҷод намуд. Инчунин дар ашъораш мавзӯъҳои байналмилаллии дӯстиву рафоқати меҳнаткашони дуне меҳнати софдилонаи мардуми тоҷик мавкеи асосӣ дошт. Соли 1923 дар Тошканд мачмуаи ашъори устод бо номи дар «Ахтари Инқилоб» аз чоп баромад.
Вале устод Айни эхсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба душ дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша гуфстариши ходисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маъни устод чунин ибрози назар кардааст:

Айни, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард
Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.

Баъдтар асарҳои устод Айни пайдарҳам ба табъ расида, дастраси хонандагон мегарданд. Устод соли 1927- 1929 романи «Дохунда»-ро навишта ба охир мерасонад. Романи «Ғуломон»- ро низ дар байни солҳои 1932 – 1935 навишта онро ба забони ӯзбаки бармегардонад. Ва онҳо дар солҳо 1934 ва 1935 чоп шуда дастраси хонандагон мегарданд.
Устод байни солҳои 1936 – 1940 повести «Марги судхур», «Ятим», «Луғати нимтафсили забони адабии тоҷик» «Шомили 15 хазор калима хаст», «Мактаби кӯҳна» ва боз бисёр асарҳои дигарро офарид. Садриддин Айни дар давраи ҶБВ бештар асарҳои публисисти иншо кард. «Чингизи асри XX», «Деви ҳафтсар», «Хари бедум», «Шероз», «Талвосаи ҷонкании дарандаи захмдор», «Модар – Ватан» ва ғайра, ки дар маҷаллаю рӯзномаҳои давр ба табъ расида буданд, рӯҳияи ватандустӣ ва дустии байни халкҳоро тақвият мебахшиданд. Ҷавононро алайҳи душман – фашизм ба мубориза мехезониданд.
Повести «Ятим» ба яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯз- ватандустӣ, садоқат нисбати Ватан бахшида шудааст. Устод дар асари худ рӯзгори дардомези як ҷавони камбағал – Шоди Мурод (Ятим)-ро ба қалам додаст.
Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштҳо» мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лаурети мукофоти давлати гардид. «Ёддоштҳо» аз чаҳор ҷилд иборат буда, рӯзнигори якдавраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қахрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои солҳои 80 то ғалабаи инқилоби, ки устод Айни яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик хамчун асари ёддошти ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштҳо» бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин ру «Ёддоштҳо»-ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод.
Ҳамин тавр, устод Айни асосан аз «Бадое-ул-вакоеъ»-и Восифӣ илҳом гирифта, эъҷодкорона аз он истифода бурда, шоҳасари бузург «Ёддоштҳо»-ро офарид, ки он ба аксарияти забонҳои дунё тарҷума шудааст.
Осори бузурги Садриддин Айни, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷахони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён ҳаст ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд.
Имрӯзҳо дар хама ҷо номи Айниро  вомехурем. Дар худи шаҳри Душанбе муҷассамаи ӯ гузошта шудааст, ба номи ӯ театри опера ва балет инчунин кучаю хиёбон ва боғ гузошта шудааст. Дар вилояти Суғд ба номи ӯ ноҳия гузошта шудааст, ки як вактҳо худи ӯ дар он чо зиндагӣ карда буд. Дар Кӯлоб низ ӯро ҳама медонад ва меҳнаташро қадр мекунанд. Яке аз калонтарин китобхонаи ш. Кулоб ва инчунин хиёбон ва куча низ ба номи Айни гузошта шудааст. Мо хеҷ гоҳ қаҳрамони Тоҷикистон С. Айниро фаромуш намекунем ва нахоҳем кард.
Устод Айни таърихдон, забоншинос, луғатдон, мураббӣ ва омӯзгор, марди  пуркору меҳнатдӯст буд. Ҳар гоҳ, ки шахс бо муҳаббат ба чини пешонии устод назар андозад, ба хотираш мавҷҳои дарёҳои бузург ва рудҳои шӯх меоянд. Он мавҷҳо ҳам васеъ, ҳам амиқ, ҳам мусаффо менамоянд. Он мавҷҳо аз меҳнати чандинсолаи ин адиби бузург шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, асарҳои эъҷодкардаи устод оинаи дили халқи мо шудаанд. Онҳо орзу, умед ва муборизаҳои халқи моро инъикос мекунанд.

4 Загрузки

tj.allinweb.ru


Смотрите также

Site Footer